Бахшҳо

Прокурори генералӣ: "Дача"-и ман замонавӣ нест...

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, як хона, як “дача” ва як мошин дорад. Ӯ дар нишасти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, имрӯз 31 июл гуфт, хона гуфта, "квартира"-ро дар назар дорад: “Дар квартира зиндагӣ мекунам. Дачаи ман замонавӣ нест, даврони Шӯравӣ сохта шуда буд”.

Прокурори генералӣ дар бораи дороии кормандони прокуратура гуфт, метавонанд, эъломияи онҳоро ба хабарнигорон нишон бидиҳанд. Ин суҳбатҳо дар ҳолест, ки расонаҳо чандин бор дар мавриди дороиҳо ва хонаҳову мошинҳои гаронарзиши мансабдорони давлатӣ, ба вижа кормандони мақомоти прокуратура навиштаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ як сол қабл, моҳи июли соли 2014 дар мулоқот бо намояндаҳои мақомоти қудратии кишвар ба ин мавзӯъ дахл кард. Ӯ дар хитоб ба Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулл гуфт: "Ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд. Бубахшед, вақте як додситонӣ дар панҷ ноҳия кор мекунаду панҷ хонаи хидматиро банд мекунад, бар иловаи шахсӣ чигуна ба ӯ метавон бовар кард? Бар иловаи ин дар ҳар ноҳия боз аз ду то се заминро соҳиб мешавад”.

Рӯзи гузашта Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон ҳам гуфт, ҳамагӣ як манзили истиқоматӣ дорад. Ӯ 30 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, то таъин шуданаш ба ин вазифа ду хона ва як “дача” дошт, ки падараш харида буд: “Солҳои 90-ум вақте хонафурӯшӣ сар шуда буд, падарам аз пушти бинои куҳнаи Бонки миллӣ харида буд. Боз вақте дар Маҷлиси олӣ кор мекардам, якҷоя бо депутатҳо дар нуҳошёнаи Гулистон як хона гирифтам. Баъдан, ҳамаи онро фурӯхта, дар пушти БДА як ҳавлӣ харидам”. Оқои Ализода афзуд, писараш баъди таҳсил дар Украина ба Душанбе омад ва як сабукрави “Опел” дорад.

Дар ҳамин ҳол, Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якуми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод (27 июл)гуфт, шахсан аз мошину хонаҳои баландошёнаи кормандони оҷонсӣ иттилоъ надорад. Ӯ афзуд, шояд бархе кормандони ин ниҳод аз ҳисоби тиҷорати наздиконашон соҳиби мошину хона шудаанд: “Чӣ хеле, ки шумо дар оила ҳастед, мумкин бародарон рафиқонашон бошад, ки соҳибкор астанд. Падару модари якхелашон ба соҳикборӣ машғул ҳастанд. Ана ҳамин хел”.
Мӯҳр
ш Душанбе
дар махалаи каленин ва дар махалаи 1 - саветски маълум ин хонахои муалимон мебошад ...хаминхелхам мешудастку..

мы вам так и поверили

Polat
Ба наздики замонавии мешава вазифара навгирифти.

душанбе
дар варзоб чамшедсангхошам харидаги дачахо хамаш ай малимо мебошан

Чаман
Холо даврае нест, ки як хешат ба ту хонаву мошин падарка кунад. Наимй ин гапатро рафта ба хамон хешонат гу. Ин хел бошад, онхо барои ту кор мекардиян-дия. Холо хучаини асосй занак аст, побробит куну ягон хасатро ба хешат те, рузат сиёх мешавад...

Рохнамо аз Душанбе
Хонаи бохашамат. мошини гаронбахо ин хама бахайр аст. Дар бораи 3-4 занагии онхо чи мегуед. О мутобики конунхои демократи амал намуда мондани риш. бастанихичоб манд аст гуфта мегардед. Пас дар оиладориям бо як зан каноат кунед.

Юсуф Рахмон арзандатарин прокурори генерали мебошад! Хеле босавод аст. Дар мо расм шудааст, агар ягон кас сохиби мансаб шавад, мо бояд аз хасад хатман камбудиро дар вай кобем.

Хело хубай! Аммо палатаи хисоб дар якчояги бо халк (Хамсоягони мансабдорон ) ба номи падар, писар, духтар ,домод ва дигар хешу табори наздику дури тамоми мансабдорон- вазирон,Раисон ... ва пешхизматону атто фаррошонашро амалан санчеду баъд муайян кунед!? Аз хаво гап назанен !!!!!

ислом.70mail.ru
Рахмон Юсуфро нагз мешиносам ва бо у наздики надорам аммо медонам ки у бо мехнати халол пулдор шудаги хаст. Агар ягон прокурори гушна мешуд ва халкро горат мекард баъд чи кор мекардед? Факат як камбуди дорад ки дар хулосабарори каме саросемаги мекунад. Худо нигахбонаш бошад

иктисодчи
Салом ба хамаи хамватанони азизам.Мо бояд аз Чаноби Оли миннатдории хешро баён намоем ,чунки Юсуф Рахмон барин мутахассиси хубро таъин намуд.Юсуф Рахмон яке аз чавонмардоне, хастанд,ки дар даврахои бесару сомони дар ин соха хизмати намоён кардаанд.Яъне банда чони худро ба хотири оромии чамъият дар он замон дарег надоштааст.Рости ман як дастнигарам ва агар худам шароит медоштам барои чунин чавонмардони арзанда дача сохта медодам.Инро бояд кадр намуд.Бародарон хама вакт аз барои худо дар хакки рохбарон дар намозхоятон дуъои нек намоед-иншоолох хамааш бо нияти неки Шумо ва хости Худо хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)