(ВИДЕО) Юсуф Раҳмон дар бораи зане, ки ҳамроҳи шавҳараш Сурия рафтааст...
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, харҷи роҳи шаҳрвандони кишвар, ки аз ҷангҳои давлатҳои арабӣ баргардонида мешаванд, аз ҳисоби буҷа пардохт мешавад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 31 июл дар нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ иброз дошт.
Оқои Раҳмон дар посух ба саволи хабарнигори “Озодагон”, ки харҷи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом ҳисоб пардохт мешавад, гуфт, “хароҷоти онҳоро бар зимаи худ мегирем. Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ пардохт мешаванд”.
Ба қавли Юсуф Раҳмон дар бештари маврид шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия тавассути марзи Туркия ба кишвар мунтақил мешаванд. Додситони кулл афзуд, ахиран як ҷавонзан низ аз Туркия оварда шуд: “Дирӯз ӯро қабул карда суҳбат доштам. Ҳолу аҳволашон дар Сурияро нақл кард. Фирефтаи найранги гуруҳи террористӣ-экстремистӣ шуда, ҳамроҳи шавҳараш ба Сурия меравад. Дар як моҳ ҳамагӣ ба онҳо 100 доллар медодаанд. Ин духтар дар як хона мисли ҳабси хонагӣ будааст. Либоси сип-сиёҳ пушида, имкони бо ягон кас суҳбат кардан, телефон кардан надоштааст”.
Прокурори генералӣ афзуд, вақте шавҳари ӯ захмдор мешавад, беш аз ду моҳ ягон кас аз ҳоли онҳо хабар нагирифта, табобат ҳам накардаанд. Шавҳараш вафот мекунад. Ин духтарро як сол дар Cурия истифода мекунанд, баъдан ҳама роҳу воситаҳоро истифода намуда, бо кумаки мо сарҳадро убур карда ба Тоҷикистон фиристода мешавд: “Ана ҳамин аст ҳолу аҳволи онҳое ки дар Cурия меҷанганд”.
Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии Прокуратураи генералӣ дар идомаи нишасти хабарӣ гуфт, шаҳрвандони кишвар дар сурати ихтиёрӣ даст кашидан аз ҷангҳои кишварҳои бегона аз ҷавобгарӣ озод мешаванд: “Санҷиши ҳаматарафа ҳолат ва дараҷаи иштироку сабабҳои баргаштанро маълум мекунад. Қонунгузорӣ муайян кардааст, шахсоне ки ихтиёрӣ даст мекашанд, агар дар ҳаракатҳои онҳо таркиби дигар ҷиноятҳо набошад, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд”.
Дар нишасти Додситони кулли Тоҷикистон таъкид шуд, шаҳрвандоне, ки барои ҷалби афроди дигар ба ҷангҳои Сурия дастгир шудаанд, дар маҳбасҳо бо зиндониёни дигар нигоҳ дошта мешаванд: “Онҳо дар “камера”-ҳои алоҳида нигох дошта намешаванд”. Ин дар ҳоле ки қаблан пешниҳод шуда буд, ин афрод ҷудогона нигоҳ дошта шаванд, то маҳбусони дигарро ба ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҷалб насозанд.
ВИДЕО ИНҶОСТ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |