Бахшҳо
31 июл 2015 08:16Тоҷикистон / Сиёсат

Муҷозоти мансабдори Кумитаи идораи замин барои баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як мансабдори Кумитаи идораи замини шаҳри Душанберо барои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон муҷозот кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Шоев И.Б, муовини раиси Кумитаи идораи замини Душанбе ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба уҳдаашбуда, талаботи моддаи 12-и қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон”-ро сарфи назар ва “ба вазифаҳои хизматии худ хунукназарона рафтор намуда, муроҷиати сокинонро сари вақт баррасӣ накардааст”.

Манбаъ мегӯяд, ин масъули Идораи замини шаҳри Душанбе дар чанд ҳолат тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандонро риоя накардааст: “Яъне, муроҷиати шаҳрванд Абдуллоев А.Р. оиди эътирофи соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ санаи 5 майи соли 2015 барои баррасӣ ба муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе вогузор шудааст. Аммо Шоев И. бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” амал карда, дар муҳлати зиёда аз як моҳ баррасии аризаи зикргардидаро таъмин накардааст. Инчунин, муроҷиати шаҳрвандон Каримов К., Муродова Г., Саидов Н. ва Соатова З.-ро, ки ба Шоев И. барои баррасӣ санаи 4 майи соли 2015 вогузор карда шудаанд, низ муддати зиёда аз як моҳ мавриди баррасӣ карор надода, ба муроҷиаткунандагон ҷавоб нагардонидааст”.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ тибқи моддаи 12-и қонун ”Дар бораи муроҷиатҳои шаҳвандон”, муроҷиатҳо дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, давоми 15 рӯз бояд баррасӣ шаванд.

Манбаъ мегӯяд, муовини раиси Кумитаи идораи замини Душанбе бо дастрасии моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 1200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Мӯҳр
Аз додгохи оли хохиш мекунем ки як назар ба раиси хочоги дехоти чоркух низ назар мекарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)