Ализода: То омбудсмен шудан ду хона ва як “дача” доштам... (ВИДЕО)

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ як манзили истиқоматӣ дорад.
Ӯ рӯзи 30 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, то таъин шуданаш ба ин вазифа ду хона ва як “дача” дошт, ки падараш харида буд: “Солҳои 90-ум вақте хонафурӯшӣ сар шуда буд, падарам аз пушти бинои куҳнаи Бонки миллӣ харида буд. Боз вақте дар Маҷлиси олӣ кор мекардам, якҷоя бо депутатҳо дар нуҳошёнаи Гулистон як хона гирифтам. Баъдан, ҳамаи онро фурӯхта, дар пушти БДА як ҳавлӣ харидам”. Оқои Ализода афзуд, писараш баъди таҳсил дар Украина ба Душанбе омад ва як сабукрави “Опел” дорад.
Зариф Ализода дар ин бора баъди суоли хабарнигорон вобаста ба манзилҳои гаронарзиши мансабдорон гуфт. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, ҷонибдори он аст ки вақте шахс ба вазифаи давлатӣ меояд, бояд тамоми дороияшро дар эъломия нишон диҳад: “Ин барои ҳамон нафар ҳам хуб аст, ки баъдан сару садоҳо дар бораи дороиҳояш намешавад. Бояд ин ҷорӣ шавад. Ҳамасола бояд нишон диҳад, ки худаш чӣ дорад, фарзандаш чӣ дорад?”
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, танҳо дар ин сурат шаффофият таъмин шуда, мансабдор низ “тинҷ мегардад”.
ВИДЕОИ суҳбати омбудсмен инҷост
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |