Бахшҳо

Фосила аз журналистон. “Бадбинӣ” барои чӣ?

Иршод Сулаймонӣ

Ҳарчанд вуҷуди журналистика ва фаъолияти рӯзноманигорон дар асри мо як воқеияти инкорнопазир аст, вале бештарини мансабдорон журналистонро “бад мебинанд”. Ин чанд далел дорад ва далели аслияш ба назари ман як чиз аст. Рӯзноманигорон қишре ҳастанд, ки ҳамеша суроғи мансабдорон мераванд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз раванди иҷрои масъулиятҳояшон гузориш бидиҳанд ва ё барои иҷро накардани масъулиятҳошон онҳоро зери интиқод қарор медиҳанд. Аз ҳаминҷо “бад дидан”-и рӯзноманигорон оғоз мешавад. Ин аст, ки бештарини мансабдорон аз суҳбати журналистон худро канор мегиранд.

Ин муқаддима марбут ба нишастҳои хабарӣ ва фосила гирифтани баъзе мансабдорон аст.

Дар тамоми давраи мавҷудияти ҳамин нишастҳои хабарӣ чанд мансабдоре ҳаст, ки ҳамеша аз суҳбат бо журналистон худро канор гирифтаанд. Аз ҷумла Муҳаммадсаид Убайдуллоев, Рустами Эмомалӣ ва ахиран Бег Сабур.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ аксари рӯзноманигоронро даъват мекунад (на танҳо аксари рӯзноманигоронро, балки дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаҳои аҳзоби сиёсиро низ), вале чаро дар нишастҳои хабарии нақшавии шашмоҳа худ ҳузур пайдо намекунад, саволест, ки ҷавобашро то кунун на шаҳрдорӣ додаасту на ҷомеаи журналистӣ медонад.
Рустами Эмомалӣ ҳам дар даврони раиси Хадамоти гумрук будан ва ҳам ҳоло дар мансаби раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод боре нашуда, ки худ дар нишастҳои хабарӣ ҳузур дошта бошанд ва ҳамеша муовинони эшон дар ин гуна нишастҳо натоиҷи кори ниҳодҳои мазкурро муаррифӣ мекунанд.

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, ки аз хабарсозтарин мансабдорони Тоҷикистон, ки баъди чандин посухҳои орҷиналӣ дар ин гуна нишастҳо, акнун се сол мешавад, ки аз суҳбат бо расонаҳову хабарнигорон ғайб задааст. Хусусан, баъди ҳодисаҳои моҳи июли 2012 ва шарҳи “оқилона” додани омилҳои қатъ ва масдуд шудани ҳама гунаи шаклҳои тамос бо вилояти Бадахшон ҷаноби Бег Сабур аз нишастҳои матбуотӣ худро канор кашид ва акнун се сол аст, ки ҳангоми нишастҳои матбуотӣ “дар сафари кориву хидматӣ қарор дорад”.

Шояд як суол дар зеҳнҳо пайдо шавад, ки чӣ муҳим аст будани шахси № 1 ин ё он ниҳод дар нишастҳои хабарӣ?! Муҳим натоиҷи хуби кор ва муаррифӣ шудани иҷрои масъулиятҳо мебошад. Ин суол дурусту мантиқӣ мебуд, агар...

Дар Тоҷикистон як таҷриба ба суннат ва анъана дар ҳукуматдорӣ ва мансабдорӣ табдил ёфтааст, ки ҳама гуна ҳарфро дар ин ё он ниҳод ҳамеша нафари № 1 мезанад ва дар бештарини маврид ҳарфи нафари рақами аввал пазируфта мешавад, ҳатто агар иштибоҳ ва хато ҳам бошад. Аз ин рӯ бисёр муҳим аст, ки бар асоси ҳамин суннат ва анъана дар нишастҳои хабарӣ нафарони рақами аввал иштирок кунанд.

Таҷрибаи роҳ андохтани нишастҳои матбуотии шашмоҳа (хушбахтона дар ибтидо семоҳа буданду баъд шашмоҳа шуданд) дар Тоҷикистон бисёр як таҷрибаи нодир мебошад ва аз сӯйи дигар яке аз намунаҳои ҳукуматдории боз ва шаффоф бояд дониста шавад. Хусусан дар сатҳи мансабдорони баланди радаҳои дувуму савум. Аз ин рӯ, ҳузури нафарони аввали ниҳодҳо дар нишастҳои матбуотӣ ҳамеша баёнгари зарфияти як мансабдор, нишондиҳандаи дониш, тавон ва лаёқати ҳамон мансабдор дар вазифаи ишғолкардааи ӯ мебошад. Агар яке аз нишонаҳои он ки ин ё он мансабдор то куҷо дар ҷойи худ таъин шудаасту вориди кори худ мебошад фаъолияти бозу босамари ӯ бошад, нишонаи дигар ҳамин нишастҳои матбуотӣ мебошанд, ки ҷомеа ва мардум огоҳ мешаванд, ки ин ё он мансабдор воқеан дар ҷойи худ ҳастанд ва ё мансаби давлатиро ба инҳисор гирифтаанд?!
Мӯҳр
А бача ними зиеди мансабдори точика фаромуш кади мисли вазири хорича ки талаботи вазифааш муошират бо вао мебошад. И вазирора хамаша Эрон
стажировка фиристед

Зиндабоши акаи Иршод . Х,амаи журналистон мисли шумо нотарсу хак,гу бошанд ТЧ гулистон мешавад. Аз Шумо як хохиш дорем як мак,ола дар бораи ноадолатию порагирии судх,о ва тарсонидани мардуми одди аз ч,ониби онх,о менавиштед бисëр хуб мешуд ва ба фоидаи мардуми одди мешуд.

Барои беистисно хама мансабдорони точик услуби муросилоти президенти Россия Путин намунаи ибрат мебошад. Сатхи мубохисаро бинед, тарзи муошират бо ВАО-ро бинед. Ахсан! Ин хел фарханг танхо аз тарбия дар оила манша мегирад. Сад рахмат ба падару модараш! Дар давлати кучаки Точикистон, агар мо аккалан 20 -то хамин хел рохбарони боистеъдоду бофарханг медоштем, Сингапури нав ин чо дар се сол сохта мешуд. Вале хайхот. Ранг бину хол пурс...

Ман максади хамин журналистро намефахмам. Максад чи аст ? Иттилоъ гирифтан ва ё худро нишон додан???? Вакте, ки максад иттилоъ гирифтан бошад, пас барои журналист бояд фарке надошта бошад, ки иттилоотро аз рохбар мегирад ва ё аз муовинаш. Лекин, фикр мекунам, ки ин чо бештар максад худро реклама кардан аст. Дар мачмуъ, маколаи бе мантик, бе маъни ва гапхои хушку холи. Хамин аст философияи зиндаги.

Freedom
агар хамин журналистони ба монанди Иршод Сулаймони дар Точикистон намебуданд аз Сарконун "Точикистон давлати демократист"-ро хат занем хам мешуд. Офарин Иршодчон!

Маънои демократияи он нест, ки чизе, ки хости гуфтан гиред !!! Дар хакакат рост аст, ки баъзе вакт журналистон гаразхои шахси, баъзан холатхо нопок ва ё худнамоишдихии худро боло аз хама меъёрхо медонад. Матали точики аст, ки "Меваро хурдед богашро напурсед". Максад, ку маълумот гири будаст, о корат чи ,ки маълумота ки медихад. Муовинон аст, сардори раёсатхо аст, мутахассисон аст ....

Як ҷаҳон ташаккур барои омода намудани чунин мавод. Шахсан дербоз дар интизори хондани мақолаи ҳамсон будам.
АНА гапу мана ГАП

Гаразхои шахсии худро истифода набаред илтимос чи дар кор хамин маколаи бемаъни .

ромиш
Чаро рузноманигорон нисбати мансабдорон эродхои пучу бемаъни мегиранд. мумкин мансабдори 1 ум дар рузи нишасти матбуоти ягон вохурие дорад, ки ба манфиати миллату давлат бошад.
Баъд чи шумо ин иштирок накард, вай иштирок накард гуфта байни мардум хангома месозед.
Барои рузноманигор аз хама чизи киммат ин маълумотхои вокеи.
барои хамин ин маълумотхоро шумо аз мутахассисон гирифта метавонед.

Ман намефахмам максад гирифтани маълумот аст ё дар назди рохбарон худро реклама кардан ?? Хай духтар мешуди дигар гап - мегуфтем, ки домод хуш куни рафтаст, рохбари хуб наёфтаст, лекин ба фикрам журналист бояд маколахои дуруст ва ба манфиати чомеа нависад ва мардакона рафтор кунад. Мутаассифона, маколахои ин бача / духтар (маълум нест) намедонам барои шумора ва реклама аст. На ин, ки барои бартараф намудани мушкилихои мубрами чомеа. Агар маколаи дуруст нависта наметавонед, камтар дар корхонахои сохави тачрибаомузи кунед. .. Маълум аст бача / духтар мутахассиси соха нест. Чун ,ки маколахо ба монанди занхои лаби об гапхои умуми асту халос. На тахлил, на пешниходхои мушаххас ва на интихоби дуруст.

Аловмон
Мебинам фабрикаи ҷавоб дар ҷӯшидан задааст.
Иршод 200% дуруст гуфтааст.
Онҳое, ки аз ӯ эрод гирифтаед, камтаракак худотон фикр карда монед, агар журналист ин гапҳоро назанад, дигар кӣ ҳаққи гуфтан ё пурсидани онҳоро дорад?
Илтимос, бас аст подхалимиву лаганбардорӣ карданд. Агар ин бача мехоҳад сарвари давлат шавад ё агар мехоҳанд онро ба ин мансаб омода кунанд, бояд бо халқ сухан карданро ёд гирад, бо журналистон муоширату суолу ҷавоб карданро ёд гирад. Роҳбарӣ танҳо қавақ андохтану "умный вид" кардан нест! Мардум дар чашмонат нигоҳ мекунад, бояд иқтидори қабули он нигоҳҳоро дошт, на ин ки аз нишасти матбуотӣ бо баҳонаи назди президент гурехт!
Озодагон, чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)