«Ба Тимошенко дар ҳудуди СИЗО машваратҳои тиббиро кормандони муассисаҳои саломатии Украина, қисми тиббӣ-санитарии СИЗО ва табиб Николаев мерасонанд»,-гуфтаанд аз хадамоти давлатии маҳрумият аз озодии Украина. Ба иттилои ин ниҳод «вазъи ҳуҷрае, ки Тимошенко нигоҳдорӣ мешавад аз нигоҳи фаннӣ ва санитарӣ қаноатбахш буда, аз ҷониби собиқ нахуствазир ба раҳбарияти СИЗО дар ин бора шикояте ворид нашудааст». Ёдрас менамоем, се рӯз қабл додгоҳ Юлия Тимошенкоро бо иттиҳоми қарордоди барои Украина беманфиати интиқоли газ бо Русия 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ҳамчунин, собиқ нахуствазирро ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ ҷарима бастанд. Ин қарордод соли 2009 имзо шуда буд. Вакилони дифои Тимошенко дар садади шикоят бурдан аз болои ҳукми суди Печери Киев ҳастанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |