Чоршанбе, 2 Апрел 2025
АКС: Шурӯи корҳои сохтмонии шаҳраки нав дар Бадахшон

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мавзеи Теми шаҳри Хоруғ бунёди шаҳраки наве дар масоҳати 260 гектар оғоз шудааст. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар мегӯяд, маросими расмии шурӯи корҳои сохтмонии шаҳрак рӯзи 30 июл сурат пазируфт.
Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои бунёди ин шаҳрак 214 гектар замин ва ба хотири анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ, геологиву гидрогеологӣ, геодезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 950 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст: “Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст”.
Минтақаи тарҳрезишаванда дар назди дарёи Панҷ ҷойгир шуда, тибқи нақшаи генералӣ 50 фоизи минтақа барои сохтмони манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии фонди манзили истиқоматӣ 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз иморатсозии катеҷӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ, иморатсозии миёнаошёна 4-5 ошёнагӣ ва иморатсозии 9 ошёна иборат аст.
Дар шаҳраки нав иншооти гуногуни иҷтимоӣ, маданию маишӣ ва хизматрасонӣ - муассисаҳои томактабӣ барои 1200 ҷой, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 3000 хонанда, толорҳои варзишӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ, мағозаҳои маводи ниёзи аввал дар масоҳати 1230 метри мураббаъ, маҷмааи савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ бо 450 ҷой, беморхона барои 150 кат, дармонгоҳ барои 360 қабул дар як баст, маркази ёрии таъҷилӣ бо 2 мошин, шуъбаи бонкҳо дорои 5 хазинаи амалиётӣ, меҳмонхона барои қабули 125 меҳмон, хадамоти оташнишонӣ бо 2 мошин сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар муқаррар шудааст.
Дар шаҳрак Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шӯъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шӯъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, телеком, почта, чойхона, Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, Тоҷиксуғурта, қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |