Бахшҳо
30 июл 2015 13:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Президент ба осебдидаҳо: Аз сӯзану ришта то гаҳвораи кӯдакатонро таъмин мекунем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз ба афроде, ки дар пайи офатҳои табиии ахир бесарпаноҳ мондаанд, ваъда дод, барои онҳо манзили нав бунёд шуда, “аз сӯзану ришта сар карда, то гаҳвораи кӯдаку тамоми асбобу анҷоми рӯзгори зиндагӣ”-ашон таъмин мегардад.

Дар ин мулоқот, ки чоршанбеи 29 июл сурат гирифт, таъкид шуд, дар пайи офатҳои табиӣ манзилҳои истиқоматии 9 хонавода пурра ва 6 хонаводаи дигар тан қисман зарар дидаанд. Раисиҷумҳур намояндаҳои оилаҳоеро, ки хонаҳояшон хароб шудааст, ба назди худ хонда, гуфт, барои онҳо замин ҷудо гардида, манзилҳояшон низ сохта мешавад. Президент афзуд, аз лаҳзае, ки ин ҳодисаи фавқулода рух дод, дар ҷараён буд: “Чизе ки аз дастам меомад, супориш додам. Шукрона кунед, ки шумо сиҳату саломат ҳастед. Ҳама чиро харидаву фурӯхта мешавад, лекин ҷони инсонро не. Шукрона кунед, ки сиҳату саломат ҳастед, хона ҳам мешавад, дар ҳам мешавад, зиндагӣ ҳам мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт, супориш додааст, ки то шашуми ноябр ба ҳамаи зарардидаҳо қитъаи замин ҷудо шавад: “Агар хоҳед дар ҳудуди ноҳия, агар нахоҳед дар ноҳияи Данғара бо қитъаи замин таъмин мешавед, хонаҳоро месозанд, аз сӯзану ришта сар карда, то гаҳвораи кӯдаку тамоми асбобу анҷоми рӯзгори зиндагӣ шуморо таъмин мекунем”.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мухтори куҳистони Бадахшон субҳи 28 июл оғоз шуда, бино ба иттилои расмӣ то 31 моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.
Мӯҳр
Худо кунад ки аз шоти худтон бошад хукуматдорон . Боз нашавад чанд сол пеш барин хатто аз масчидхо пул чам мекарданд барои осебдидагони нохия Хатлон.

ruhom
ЧАНОБИ ОЛИ БАРОИ ЧИ ХАЛКИ САРИЧАШМАИ ШУРООБОД КИ 13 НАФАР МУРДАБУДУ 18 ХОНА ПУРРА ХАРОБ ГАШТА БУД 2 ХОНА СОХТЕНУ 16 ОИЛАИ ДИГАР 2 СОЛ ШУД САРСОНУ САРГАРДОН 160 ХОЧАЧИДА ДАР ДАНГАРА 1000ДОЛАРИ ЗАМИН ХАРИДАН

Чаноби Оли, Худо сари Шумо дард накунад, ба бахти ин миллат ва ояндаи ин сарзамини ачдоди. Бори дигар собитнамудед, ки рохбари вокеан мардумиед! Мо чавонон бо Шумо ифтихор дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)