Э. Раҳмон дар Хоруғ. Аз ифтитоҳи сехи дузандагӣ то дастур ба театрсозон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Бадахшон озими шаҳри Хоруғ – маркази ин вилоят шуда, ба сохтмони баъзе аз биноҳ оғоз бахшидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Хоруғ нимаи дуюми 29 июли соли оғоз гардида, субҳи 30 июл раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои раёсати маорифи вилоят ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ иштирок карда, бо гузоштани хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда ба оғози корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз бахшид.
Иншооти мазкур аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он раёсати маорифи вилояти Бадахшон ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ҷойгир карда мешавад. Арзиши лоиҳавии иншоот 5 миллиону 305 ҳазор сомониро ташкил дода, муҳлати баистифодадиҳии он соли 2018 дар назар дошта шудааст. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои коллеҷи тиббӣ низ оғоз бахшид.
Бинои коллеҷ аз 5 ошёна иборат буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим барои 240 донушҷӯ ва хобгоҳ барои 100 ҷой аз рӯи стандарти муосир фароҳам мегардад. Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз бинои таълимӣ, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои дарсҳои амалӣ, аз синфхонаи таҷрибавӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Ин муассисаи муосири тиббӣ дар ин мавзеъ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин боздидаш дар маркази вилояти Бадахшон хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадорро, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии 2848 бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими оғози сохтмони бинои Театри вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок карда, барои бунёди он дар муҳлати се сол супориш дод. Дар идомаи сафари кории раисҷумҳури кишвар ба шаҳри Хоруғ бинои шуъбаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид, ки бар ивази 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Эмомалӣ Раҳмон низ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти сехи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ ифтитоҳ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |