
Алексей Кораблёв, ки барои корнамоиҳояш дар Чеченистон бо фармони раисиҷумҳури Русия унвони қаҳрамонро гирифтааст, баъди солиёни зиёди ҳаёти мулкӣ дар зодгоҳаш-Чистполя боз хидмати низомиро ихтиёр кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия Кораблёв макони нави хидматашро Тоҷикистон интихоб карда, аллакай рӯзҳои истироҳати гузашта ба пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ҳозир шудааст: “Ӯ барои 5 сол созишномаи хидмат дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро имзо кардааст”. Манбаъ мегӯяд, Кораблёв унвони “старшина”-ро дошта, ҳанӯз мақомаш дар пойгоҳи 201 маълум нест.
Ҳозиршавии қаҳрамони Русия барои хидмат дар пойгоҳи низомии 201 ба рӯзҳое рост омад, ки бараҳнагардии сарбозони ин пойгоҳ дар Кӯлоб ва занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Тавре мақомоти умури дохилии шаҳри Кӯлоб тасдиқ карданд, занозанӣ миёни ҷавонони Кӯлоб ва низомиёни пойгоҳи 201-и Русия шоми 28-уми июл дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сурат гирифтааст. Сабаби сар задани муноқиша бараҳнагардӣ ва ҳайоҳуйи сарбозони Русия дар ҳолати мастӣ арзёбӣ мешавад, ки боиси норозигии ҷавонони Кӯлоб гардидааст. ВИДЕО дар бораи қаҳрамонии Кораблёв дар Қафқоз
Мӯҳр