Ҳукми Бурҳон Абдуллоев бетағйир гузошта шуд
Ҳукми Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯс, ки бо як қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, бетағйир гузошта шуд.
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Бурҳон Абдуллоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шикояти кассатсионии зерҳимояи ӯ рӯзи 29 июл аз ҷониби коллегияи кассатсионии Додгоҳи олӣ баррасӣ шуда, бетағйир боқӣ монд.
Оқои Зоиров мегӯяд, коллегияи кассатсионии Додгоҳи олӣ эҳзори шоҳидон, аз ҷумла Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти кишвар ба мурофиаро рад карданд. Ба гуфтаи ӯ, коллегияи кассатсионии Додгоҳи олӣ гуфтаанд, даъвати шоҳидон дар мурофиаи кассатсионӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст: “Дар ҳоле ки ман чандин мурофиаҳои кассатсиониро бо даъват ва бозпурсии шоҳидон гузаронидаам”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Зоиров гуфта буд, бо дархости ӯ ба мурофиаи кассатсионии зерҳимояаш Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти кишвар ва яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯс даъват шудааст: “Дархости аввали мо аз Додгоҳи олӣ баргузории мурофиа дар толори додгоҳ ва дуюмӣ иштирок ва пурсиши ду шоҳиди асосӣ дар ин парванда - Муҳибулло Саъдуллоев ва Идибек Шарипов, ки қаблан Суди вилояти Хатлон онро таъмин карда натавонист, буд, ки ҳарду қабул шудааст”.
Додгоҳи вилояти Хатлон Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯсро рӯзи 30 апрели соли равон дар омодагӣ ба ҷиноят ва қасди сӯзондани бозор муҷрим шинохта, се сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Ба иддаои Раҳматилло Зоиров, додгоҳ тамоми далелҳои бегуноҳии зерҳимояашро нодида гирифтааст. Бурҳон Абдуллоев зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳ иттиҳом алайҳи худро сохта унвон карда, изҳор дошта буд, он ба кашмакашҳо барои бозори “Ином” бо Муҳибулло Саъдуллоев рабт дорад.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доштанд. Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони “Пуст говорят”-и Шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Аммо моҳи декабри соли 2014 Абдуллоев боздошт шуда, мақомоти умури дохилӣ алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 - тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд. Раҳматилло Зойиров мегӯяд, Бурҳон Абдуллоев ягон ҷиноят содир накарда, барои сӯзондани бозор ҳам супориш надодааст, “дар амалиёти Бурҳон Абдуллоев ягон ҳодиса ё таркиби ҷиноят дида намешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |