М.Убайдуллоев: Аз дастовард ва афзудани нуфузи Эрон ҳамеша хушнудем
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон бо доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот кардааст.
Аз Маҷлиси миллӣ ба “Озодагон” хабар доданд, ки ин мулоқот имрӯз, 29 июл сурат пазируфтааст. Ба иттилои манбаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев аснои мулоқот гуфтааст, “мо аз дастовард ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем. Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар мукотибот буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар ин самт нақши гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам афзунтар хоҳад гашт”.
Манбаъ мегӯяд, доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо, хусусан муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, афзудааст, кишвараш ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |