Як куштаю як маҷруҳ: Чархи кандашудаи трактор ба сари ронандаи “Нексия” задааст
Канда шудани чархи трактор ҳангоми ҳаракат дар роҳи ноҳияи Ҳисор боиси ҳалокати ронанда ва ҷароҳати мусофири мошини ақиб шудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса 28-уми июли соли равон тақрибан соати 10:00 рух додааст: “Чархи ақиби тарафи рости трактори тамғаи “МТЗ-80”, ки таҳти идораи ронандаи 22-солаи сокини ноҳияи Ҳисор дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода” ҳаракат мекардааст, дар ҳудуди деҳаи Мортеппа, ҷудо шуда, ба сари ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор задааст, ки аз қафои трактор ҳаракат мекардааст”.
Ин ниҳод мегӯяд, ронанда аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Чархи кандашуда ҳамчунин ба дасти мусофири ҳамин автомашина зани 50-солаи сокини Ҳисор задааст, ки дар натиҷа зан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |