Э. Раҳмон қоидаро вайрону ба Фарангис “через” кард (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фарангиси Раззоқ, хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 12-и деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ ваъда дод, ки сарфи назар аз натиҷаҳои тести супоридааш дар Маркази миллии тестӣ ӯ ба ҳар ихтиссосу муассисаи таълимие, ки мехоҳад, қабул хоҳад шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон 28-уми июл дар мулоқот бо фаъолони Ванҷ аз баромади Фарангиси Раззоқ тавсиф намуд, ки озодона ва бо нутқи бурро суханронӣ кард. Фарангиси Раззоқ дар баробари дигар намояндагони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, сулҳу суботи Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои Эмомалӣ Раҳмон хонда ва афзуд, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ аз сиёсати хирадмандонаи раисиҷумҳур пуштибонӣ мекунанд.
Дар пайи баромади ин ҷавондухтар Эмомалӣ Раҳмон суол кард, ки ба кадом ихтиссос, ба кадом кластер ҳуҷҷат супоридааст ва посух гирифт, ки ба кластери 5. Раисиҷумҳур афзуд, ки ин кластер тахассуси марбут ба тибро фаро мегирад ва ваъда дод, ки сарфи назар аз нишондодҳои компютер ин духтар ба ҳар муассисае, ки худаш мехоҳад, метавонад дохил шавад: “Духтарам, дар як деҳаи дурдаст, байни куҳҳои сарбафалак, озоду бо чунин нутқи бурро дар назди роҳбари давлат ва ҳазорон ҳамватан суханронӣ кардан, худаш қаҳрамонӣ аст. Як ҷаҳон ташаккур. Байни ҳамаи мардум мегӯям, агар ҳамон компютер ҳам агар вай дошта бошад, ҳисоб кун, ки баҳоят 5. Ин ҷо биё назди вазир. Кадом донишгоҳе, кадом ихтисосе, ки завқ дорӣ, навис, рав хон”.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қоидаҳои дохилшавӣ танҳо аз холҳои гирифта ва натиҷаҳои тесту нишондодҳои компютер вобаста аст, ки довталаб ба кадом муасссиса ва ихтиссос қабул хоҳад шуд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо фаъолсозии Маркази миллии тестӣ таъсири омили инсонӣ кам шуда, тағобозию ба истилоҳ “через” аз байн меравад. ВИДЕОИ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Ванҷ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |