Бахшҳо

Низом Ҳакимов: Гарон шудани роҳкиро ҳанӯз дақиқ нест

Низом Ҳакимов, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 29 июл дар нишасти хабарии шаҳрдорӣ гуфт, боло рафтани арзиши роҳкиро ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ афзуд, ҳоло ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дорад: “Мо чандин маротиба бо мақомоти зидиинҳисорӣ гуфтӯгу анҷом додем”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” хостори баланд бардоштани арзиши роҳкиро дар пойтахт шудааст. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 23 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, “мо ин пешниҳодро омӯхтем ва хулосаи худро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Душанбе ироа кардем. Қарори ниҳоиро онҳо қабул мекунанд”.

Ба гуфтаи Одиназода, “Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, ки ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то 14-15 дарсад баланд бардошта шавад ва сабаби онро гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва фарсуда шудани мусофиркашҳову ниёз ба таъмир доштани онҳо арзёбӣ кардааст.

Роҳкиро дар мусофиркашҳои Душанбе тобистони соли 2011 бо қарори шаҳрдорӣ 1,6 сомонӣ муайян шудааст, аммо ронандаҳо аксаран аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд. Низом Ҳакимов, муовини раиси шаҳри Душанбе дар нишасти хабарии имрӯз изҳор дошт, мусофирон бояд ҳақталошӣ намоянд ва маблағи муайяншуда, яъне як сомону 60 дирам пардохт кунанд.

Гуфта мешавад, тасмими ниҳоиро барои боло бурдани арзиши роҳкиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегирад.
Мӯҳр
беном
Дигар бахона наёфтен ки гарон шудани кисмхои эхтиёти меген бген сум дар кисахо кам дромадестай тамом.

1
Хохиш дорем нархи рохкиро дигар боло наравад
маводди сузишвори дар тамоми чахон ба поин рафта аст
ва имруз хам ба чои 1 60 2 сомони мегиранд агар боло равад ронанда аз 2с бештар мегирад ки ин зиёд аст
Назорат нест дар ин хусус!

Акаи Доллар
Чавоб ба 1, дуруст локин аз хотир набароред, ки курби доллар баланд шуда истодааст, яъне, ки барел нефтро бо доллар харидори мекунанд на ба сомони. Хулосатонро бароред.

Дирам
Акаи Доллар,
Акаи Доллар, дар хакикат барели нефтро бо бо доллар харидори мекунанд ва хушбахтона нархи нефт арзон шудестаст

мусофир
мухтарам озодагон ин коментария нею ариза ва метавонед тадкикоти журналасти таъин намуда мавзуро пайгири намоед, дар хатсайри № 1-и маршруткахо рохкиро барои эксперс-яъне аз аввал то охир бе тавокуф 1 сомони 60 дирам ва дар дохил бошад 80 дирам муайян аст ва дар баъзе маршруткахо ин нархнома бо телефонхои автокалонаю душанбенаклетхидматрасон ва БДА навишта шудааст.Аммо ронандахо худсарона 2 сомони аз муосфирон талаб карда истодаанд ва инро гуё ичозати автобазаашон ё чДММ каламдод намуда, бо мусофирон бо оханги дагалона ва густохохона рафтор доранд. Магар аз кодекси чинои моддаи фиреби истемолкунандагон бардошта шудааст.Мо шахрвандони одди то чанд ранч барем.Пул аз осмон намеборад ва мо онро бо мехнати халол дарефт мекунем.Зиндаги холо барои аксарият мушкил, на танхо барои ронандагон. Бояд як нархи ягона ва назорати катъи бошад. То ба кай хукукхои мо поймол мешаванд. Хукумати шахр чонибдори мардуми оди бошад на гурухе, ки пул ефта истодааанд.Албатта шахрдори аз мардуми одди дастгири хохад намуд7

88
Авалаш ки наклиети чамъияти ку худаш кариб ки нест хамин будагишам шахси аст ки онхо кайхо боз нарха баланд кардаги(2 сомони кайхо боз бе гуфти шумохам)баъдан нарха бозор муайян мекунад(ракобат гуфтугуи ронанда ва мусофир як нарх ба амал меояд ки тарафхоро конеъ менамояд)Сеюм ин ки оё киссаи мардум мебардошта бошад инро низ ба назар гирен да.

рохкиро не , бакия доданро ба подабоно фахмонен.

шахрванд
Гуё асоси боло бурдани рохкиро, гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва фарсуда шудани мусофиркашҳову ниёз ба таъмир доштани онҳо арзёбӣ кардаанд.
Чи сохибхои машруткахои шахси қисмҳои эҳтиётӣ намехаранд ва мошинхои онхо фарсуда намешаванд. Гайр аз ин сохибхои машруткахои шахси хар мох патент месупоранд, инчунин баъзе ронандахо мошинро ичора мегиранд, ичорапули медиханд, дигар харачотхо доранд, ки наклиёти мусофиркашонии давлати надорад. Ба замми ин харочотхо онхо фоида мебинананд, зидагиашонро пеш мебаранд. Агар ин ронандахо фоида намедиданд хеч вакт кор намекарданд. Ягонтои онхо дар бораи баланд бардоштани нархи рохкиро ягон маротиба гап назадаанд. Хукумати шахри Душанбе халкро ахмак гумон карда истодааст, агар хукумати шахри Душанбе нархро кимат кунад, машруткахо хам нархро кимат мекунанд. Барои хамин халк аз бахри хамон наклиёти мусофиркашонии давлати ки дар истгоххо як соати меистанду ками одамон аз он истифода мебаранд бехтараш мегузаранд, даркор нест. Умуман ин наклиётро гиранду вассалом. Машруткахои шахси хастанд ва онхо бо хамон нархе ки имруз хаст хизмат мерасонанд ва ягонтои онхо нагуфтааст, ки фоида надида зарар мебинему ва нархи рохкироро балан кардан даркор. Ин хукумати шахри Душанбе ва муасисаи Душанбе наклиёт сабабхои беасос оварда бо хар бахона ба фоидаи худ нархро боло бурданист.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” аклаш ба баланд бардоштани рохкиро мерасад, лекин масъалаи сифати хизматрасониии наклиётро андеша намекунад. Дар "маршрутный таксихо" бе ин хам аз 2 сомони бакия намедиханд. Танхо дар хатсайри 29 додани бакия асосан риоя мешавад. Умуман, наклиёти Душанбе ин як бардаки калон ва беназорат аст...

орипов
як каме инсоф кунед-хаминаш намерасид...бо хар бахонае пулхои мардуми факирро меканеду ба сару пои худ мезанед-худованд бузург ва мехрубон хаст рузе шумое ки нархро боло мебаред факир шуда ба машутка мезанед аз мошинхои кимати худ халос шуда вакте ки 2-сум метиеду цое меравед баъдаш мефахмед ки дар кадаме гарон будагист!-худо рузе мошинхои киматхои худро аз даст дихед то кадри студенту мусофирро фахмед

сокини пойтахт
Ба чойи баланд бардоштани рохкиро, ки ба чайби бе ин хам холии мардуми одди таъсиргузор хаст, хуб мешуд, ки кормандони ЧДММ-хои дар ин соха буда ва Душанбенаклетхизматрасонро ихрочи вазифа (сокрашении) мекардед, зеро ба низоми ин раванд назоратеро таъмин кардан наметавонанд ва росташ дар болои ронандахо истодаанд. Ин сохторхо камтар бошанд, харочотхо низ кам мешаванд. Биёед як бор хам манфиати шахрвандони захматкашро ба назар гирем. Кишри миёна ва доро хеч вакт дар наклёти чамъияти рохрави надоранд.Холо зиед намудани рохкиро иувофики максад нест. Нархи сузишвори дар дуне поён рафта, ва вобаста ба муносибат бо Ирон поёнтар хам меравад. Раиси шахр хамеша гамхори мардуми одди буданд ва мемонанд. Умед хаст: ки нарх дар хамин дарача боки мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)