Эъломияи Душанбе: "Ҷиҳоду шаҳодат"-и ҷангҷӯёни ДИИШ қабул нест

Иштирокдорони Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки дар шаҳри Душанбе бо ҳузури руҳониёни маъруфи ҷаҳони Ислом баргузор шуд, эъломияеро зидди созмони террористии маъруф ба ДИИШ қабул кардаанд.
Ин руҳониёни саршиноси олами Ислом гуфтаанд, амалиётҳои ҷангии ДИИШ амалҳои террористӣ ва хилофи шариати исломӣ буда, ба ҳеч ваҷҳ ҷиҳод ҳисоб намешаванду марги омилони онҳо ҳамчун шаҳодат аз нигоҳи дини мубини Ислом дониста нахоҳад шуд.
Дар ин эъломия аз ҷумла омадааст, “эълон менамоем, ки амали гурҳҳои ифротии тундрав, аз ҷумла гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", ки бо сӯиистифода аз номи Ислом амалҳои тафриқаангезу харобиовар, аз ҷумла амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд, ҳаргиз аз Ислом намешуморанд. Аз ин рӯ, амалиёти ҷангҷӯёна ва террористии онҳо ҳаргиз ҷиҳоди исломӣ набуда, марги пайравони ин гурӯҳҳои ифротиро аз назари ислом ҳаргиз шаҳодат номидан мумкин нест”.
Инчунин иштирокдорони конфронс сулҳи тоҷиконро таҷрибаи муфид ва намунаи хубе барои ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи сиёсию идиологӣ хонда, паҳн кардани ин санадро барои низоъҳои ҷорӣ дар ҷаҳон зарур донистаанд: “Бо таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, он як таҷрибаи муфид, нодир ва намунаи бисёр муносиб барои ҳалли низоъҳои мусаллаҳонаи сиёсӣ ва идеологӣ мебошад. Бинобар ин, омӯзиш ва паҳн кардани ин таҷрибаи амалӣ метавонад, барои ҳалли бисёре аз низоъҳое, ки имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ҳамчун дастури амал хизмат намояд”.
Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” рӯзи 22 июли соли равон дар Душанбе оғоз шуда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ин конфронс бо ташаббуси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |