Суҳбати Аслов бо ёвари Бан Ки Мун оид ба масъалаҳои башардӯстона
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Кюнг-ва Канг, ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот зуҳри 28 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар вохурӣ ҷонибҳо оид ба баргузории ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона (Истамбул 2016), ки ин рӯзҳо (28-30 июли соли ҷорӣ) дар Душанбе баргузор мешавад, табодули назар кардаанд.
Инчунин дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона баррасӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |