Зоҳидӣ ҳаҷми зарари офатҳои табиии марбут ба обро $ 1 млрд. гуфт ВИДЕО

Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳаҷми зарари офатҳои табиии вобаста ба обро дар даҳ соли ахир як миллиард доллар арзёбӣ кард.
Оқои Зоҳидӣ аснои суханронӣ дар ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои башардӯстона дар Душанбе гуфт, офатҳои табиии вобаста ба об дар Тоҷикистон, ки як кишвари осебпазир аст, дар 10 соли ахир як миллиард доллар хисорот овардаанд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон дорои релефи номусоид буда, 93 дарсади онро куҳ ташкил медиҳад ва ба ин далел ҳамасола зарари зиёде аз офатҳои табиии вобаста ба об ба иқтисодиёти кишвар мерасад. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳаҷми зарари офатҳои табиии марбут ба об дар ҷаҳонро тайи даҳ соли сипаришуда 60 миллиард доллар гуфт.
Ҳамоиши машваратӣ, ки дар шаҳри Душанбе то панҷшанбеи 30 июл идома мекунад, як даври Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардӯстӣ аст, ки 23-24 майи соли 2016 бо ҳузури дабири кулли СММ дар Истамбули Туркия баргузор мешавад. Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҳамоиши машваратии Душанбе 140 намоянда аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ҷаноби Зоҳидӣ ҳадафи ин ҳамоишро пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба ин офатҳо ва кумак ба зарардидаҳо хонда, таъкид кард, дар ҷараёни он рӯзномаи Ҳамоиши умумиҷаҳонии башардӯстӣ низ таҳия мешавад: “Ҳамоиши Душанбе ҳаштумин аст. Дар гузашта ҳафт чунин ҳамоишҳои машваратӣ баргузор шуд”.
Оливер Ласей-Ҳал, директори бахши кумакҳои башардӯстонаи СММ дар қаламрави Осиё дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мақсад аз доир кардани ҳамоишҳо шунида шудани садои афроди зарардида аз офатҳои табиӣ мебошад. Ӯ офатҳои табиии ахири Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро фоҷиаи бузург барои Тоҷикистон арзёбӣ карда, гуфт, ба хонаводаҳои қурбониён изҳори тасаллият мекунад. Ӯ гуфт, солҳои охир дар пайи тағйирёбии иқлим офатҳои табиии марбут ба об зиёд шудааст: “Моро зарур аст аз ҳар тағйироти иқлим сабақ бигирем ва ба ҳар ҳодисаи нав омода бошем”.
Дар ҷараёни ҳамоиши машваратии умумиҷаҳонӣ оид ба маъалаҳои башардустӣ зикр шуд, даҳсолаи охир теъдоди эҳтиёҷмандон ба ҳадде боло рафтааст, ки аз эҳтиёҷмандони ёрии башардӯстона дар солҳои охири ҷанги дуюми ҷаҳон бештар аст. Ба гуфти иштирокдорони ҳамоиш мизони ёрии башардӯстона ҳамасола майли болоравӣ дошта, СММ имсол ба 789 миллион нафар аз 37 кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона хоҳад расонид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |