Додгоҳ хост, писари Қазофӣ бо зарби гулӯла кушта шавад
Додгоҳе дар Либия Сайфулислом Қазофӣ - писари Муаммар Қазофӣ, раисҷумҳури кушташудаи ин кишварро дар ғиёбаш ба эъдом маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Либия, писари Муаммар Қазофӣ рӯзи 28 июл дар содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ва саркӯби тазоҳургарони мусоламатомез дар соли 2011 абйдор дониста шудааст.
Бар асоси ин қарори додгоҳ, писари Муаммар Қазофӣ бояд бо зарби гулӯла кушта шавад.
Инчунин бар асоси қарори додгоҳ, ҳашт тан аз мансабдорони ҳукумати Муаммар Қазофӣ, аз ҷумла Бағдодӣ ал-Маҳмудӣ, нахуствазири пешин ва Абдуллоҳ ас-Синовсӣ, домоди раисҷумҳури пешини Либия ҳам маҳкум ба эъдом гардидаанд.
Сайфулислом моҳи августи соли 2011 дар Либия боздошт ва то ҳол дар яке аз зиндонҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |