Вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, зидди таҳримҳои зиддирусиянд
Вазири хориҷии Тоҷикистон таҳримҳои зиддирусиро таҳримҳои зидди тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил хонд. Сироҷиддин Аслов, имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе гуфт, онҳо аз рӯзи аввали ҷорӣ шудани таҳримҳо аз сӯи кишварҳои Ғарб дар маҳофили гуногун эълон карданд, ки мухолифи ин таҳримҳоянд.
Ӯ гуфт, Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст ва ин таҳримҳо ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳанд буд. Сироҷиддин Аслов бо ишора ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия афзуд, ин таҳримҳо сабаби коҳиши интиқоли маблағ ба хонаводаи ин муҳоҷирон шудааст. Аз сӯи дигар вазир гуфт, Русия аз нигоҳи табодули тиҷорӣ дар Тоҷикистон мақоми аввалро касб мекунад ва дар ин масъала низ таъсири манфии таҳримҳо эҳсос мешавад. Сироҷиддин Аслов мегӯяд, Тоҷикистон дар сатҳи дипломатӣ ин масъаларо ҳамеша ба миён мегузорад ва умед доранд, садояшон шунида мешавад. Вазири хориҷии Тоҷикистон дар идома гуфт, таҳримҳои зидди Русия на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар гузашта як давлати воҳид буданд ва ҳоло низ бо ҳам пайвандиҳое доранд, бетаъсир нахоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |