ВИДЕО: Қаноатмандии вазири хориҷӣ аз ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба масоили иқтисодиро, ки баъди шаш соли таъхир баргузор шуд, дар сатҳи баланд арзёбӣ карда гуфт, бештар шудани чунин ҷаласаҳо роҳро барои беҳтар шудани муносибатҳо ҳамвор мекуад.
Оқои Аслов дар нишасти хабарии ВКХ имрӯз, 28 июл гуфт, ҷаласаи байниҳукуматӣ дар пайи мулоқоти соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, раисҷумҳурони ду кишвар дар шаҳри Душанбе мумкин шуд: “Дар ин мулоқот стратегияи ояндаи баррасии ҳамаи масоили дуҷонибаро ба мо нишон доданд”.
Вазири хориҷӣ афзуд, дар ҷаласаи аввалин, ки дар Тошканд баргузор шуд, ҳамкориҳои мунтаззам миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистону Узбакистон шурӯъ гардид: “Сохтори роҳи оҳани Тоҷикистон бо Узбакистон мунтаззам кор карда истодааст ва ояндаи наздик созишномаи поин бурдани тарифҳо баррасӣ мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |