(ВИДЕО) Сироҷиддин Аслов: Дар Яман 4 ё 5 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд
То имрӯз беш аз 200 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман берун оварда шудаанд. Ин нуктаро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе иброз дошт.
Ӯ дар берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвари арабӣ, ки ахиран ноором шуд, нақши намояндагиҳои Тоҷикистонро муассир хонд: “Мо ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Яман муроҷиат кардем. Инчунин бо Русия ва дигар кишварҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондем. Ба Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия изҳори ташаккур мекунем, ки бо кумаки онҳо бештари шаҳрвандони мо берун оварда шуд".
Вазири корҳои хориҷӣ мегӯяд, феълан танҳо чор ё панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Яман боқӣ мондаанд: “Агар онҳо ба сохторҳои байналмилалӣ, мақомоти Яман, намояндагиҳои мо дар кишварҳои арабӣ ё сафорати Русия муроҷиат кунанд, онҳоро берун меорем. Аммо ҳанӯз ягон муроҷиат нашудааст”.
Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |