Бахшҳо
28 июл 2015 15:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

Васила Ғафурова, як соҳибкорзани ноҳияи Ванҷ, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мураббои шифобахшашро дар Хоруғ ба ивази 5 ҳазор сомонӣ харид, соҳиби корхонаи нав шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб ба деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ рафта, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти сехи коркарди ангат оғоз бахшид, ки ба Васила Ғафурова тааллуқ дорад: “Корхонаи коркарди ангатро Ғафурова зимни як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ дархост карда буд ва тибқи супориши президент корхона бо харҷи 167 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ барои занони соҳибкори Бадахшон бунёд гардид”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, корхона 6 нафарро ба таври доимӣ ва дар мавсими пухтани ангат, то 25 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ифтитоҳи корхонаи коркарди ангат ба деҳаи Вишхарваки ҷамоати Рованд ташриф оварда, Маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло”-ро дар деҳаи Вишхарвак ифтитоҳ намуд, ки аз ҷониби ҷамъияти “Рухом” бо харҷи беш аз 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дорои ошхона, толори конфронс бо 30 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб ва 1 истироҳатгоҳ мавҷуд аст.

Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмааи туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар назди сокинону фаъолони ноҳияи Ванҷ суханронӣ карда, дар оғоз аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 20 июл, ки 6 кушта барҷой гузошт, зикр намуду изҳори ҳамдардӣ кард: “Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити зиндагии сокиноне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, инчунин сари вақт барқарор кардани иншооти харобшуда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дорад. Ҳамаи манзилҳои сокинон то рӯзи 6-уми ноябри соли 2015 сохта ва ба соҳибонашон супорида мешавад”.

Дар идома раисиҷумҳур аз талошҳои ҳукумат барои баҳбуди зиндагии мардум ёдовар шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла соҳибкори заҳматдӯст Васила Ғафурова, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷамъовариву истеҳсоли равғани дармонбахши ангат машғул мебошад ва соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов, ки барои ҳамдиёрони хеш маҷмааи сайёҳиву истеҳсолии «Ванҷи боло»-ро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бунёд кардааст, баҳои баланд дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор кард, ки минбаъд низ барои соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус бонувони боғайрату фидокор дар манотиқи дурдасти кӯҳистон фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориро фароҳам оранд ва ба фаъолияти минбаъдаашон кумаки ҳамаҷониба расонанд.


АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд

АКС: Зане, ки президент мураббои шифобахшашро “қимат” харид, соҳиби корхона шуд
Мӯҳр
Истиклол
ОФАРИН ЧАНОБИ ОЛИ!

Ачаб то ба кай ин Халкро фанд мекарда бошад

аз мушкилоти роҳҳои мошингард, барқ ва ин обхезиҳои ахир мардум чизе гуфта бошанд ва ё боз ҳам "зинда бош"??

Ҷамшед
офарин Ҷаноби Олӣ

Ман фикри шахсии худамро менависам: Чандин бор шудааст, кисардори Давлати Точикистон мебиеяд. Пештар инструтори ЦК бай Ватани мо намеомад.Сардори Давлати Точикистон Эмомали Рахмон шахсан ба мардуми наздик аст. Барои амин мардум дар Ванч бисер хурматаш мекунанд ва инро хис карда доимо меравад. Ман Ватанам аз с\с Водхуд Ванч. аз соли 1992 дар Россия ва аъзои партияи "Единая Россия". Зиндаги ва ахли хонаводаам дар Москва. Аммо мебинам, ки купруки калон дар Ванчов кушоданд бисер хурсанд шудам. Ачоибот.

Истиклол
Чаро мардумро фиреб медиҳанд.

Кулоби
Ман ба н/.ванч рафтабудам .ахсан ба мардуми ванч мардуми мехмон дусдоран ва хама вахт сиёсати чаноби олира дастгири мекунанд. Зинда бошен.

Odiljon
Oarin Janobi oli manham mexoham ki yak moyka ( shustushui naqliyot) boz kunam lenta buridan lozim

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)