Нишасти “Барқи тоҷик”: Аз болоравии нархи барқ то дуздӣ ва “омини малоика”

Даврон Исҳоқӣ, муовини раиси “Барқи тоҷик” дуздӣ, фасодкорӣ ва изофанависиҳоро дар сохтори “Барқи тоҷик” тасдиқ кард.
Исҳоқӣ, имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъйид кард, ки Оҷонсии зидди фасод дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 6 миллион сомонӣ дуздию изофанависиҳоро ошкор кард. Ӯ илова намуд, ҳастанд кормандоне, ки бо фасодкорӣ ва дуздияшон номи ширкатро доғдор мекунанд: "Муборизаро бо ин зуҳурот пурӯр кардаем ва вақтҳои охир дуздию фасодкорӣ камтар шудааст”.
Ноиби раиси “Барқи тоҷик” яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз дуздиҳо дар ширкатро таъмини муштариён бо ҳисобкунакҳои кортӣ гуфт, ки тариқи пешпардохт ва дақиқ кор мекунанд.
Дар мавриди сарусадо, ки имкон дорад, то охири сол ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло равад, Даврон Исҳоқӣ таъкид намуд, ки ин дар салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон асту аз ҷониби “Барқи тоҷик” ҳеч пешниҳоде дар ин бора ироа нашудааст: “Ҳозир ҳеч пешниҳоде барои болоравии “Барқи тоҷик” вуҷуд надорад”.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотӣ хостори суҳбатҳои камтар атрофи болоравии нархи барқ шуд, то нохост малоика омин нагӯянд ва нархи барқ боло равад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |