Баҳс барои гӯристон миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар умури марз мегӯяд, ният доранд, бо Тоҷикистон барои иваз намудани 20 ҳисса замин дар қаламрави деҳаи Қоқ-Тоши Бодканд гуфтушунид кунанд.
Искандаров дар суҳбат бо расонаҳои қирғиз изҳор доштааст, ки дар ин мавзеъ, ки миёни Қоқ-Тоши Бодканду ҷамоати Чоркуҳи Исфара аст, ду гуристон мавҷуд аст: “Дар маҳал, ки сарҳад дар он ҷо алломатгузорӣ нашудааст, ду гуристон мавҷуд аст. Гуристони куҳна баста шудааст ва акнун ҷасадҳоро дар гуристони нав дафн мекунанд. Аммо шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни ду гуристон биное сохта, қирғизҳоро ба гуристон роҳ намедиҳад. Мо феълан ба ин маҳал намояндаҳои худро фиристодем, то дақиқ кунанд, ки гуристони нав дар қаламрави Тоҷикистон аст ё Қирғизистон?”
Намояндаи ҳукумати Қирғизистон илова намудаст, ки ин масъала барои баррасӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Уланбек Рисқулов, ноиби директори Агентии давлатии захираҳои минералӣ ва геологии Қирғизистон хабар дод, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газиро дар ихтиёри кишвараш гузоштааст. Аммо Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон иддаои мақомоти қирғизро дар мавриди он, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газро дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст, рад кард.
Шоҳмуродзода, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, чунин гап нест ва барои анҷоми чунин корҳо бояд созишномаҳо дар сатҳи ҳукуматҳо имзо шаванд, ки иҷро нашудааст: "Ба масъалаи марз комиссияи байниҳукуматӣ машғул аст ва барои ин воқеият бояд созишномаи дуҷониба баста шавад, ки иҷро нашудааст. Чунин гап нест".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |