Нишасти раиси Кумитаи забон: Аз нестшавии забонҳои бадахшию яғнобӣ то сихкабоби хуҷандию табдили “милитсия” ба “политсия”
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои наҷоти забонҳои помирию яғнобӣ аз нестшавӣ дар назди Кумита курсҳои омӯзишии ин забонҳоро таъсис медиҳанд.
Шарофзода, имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, забонҳои бадахшию яғнобӣ бо хатари нестшавӣ рӯбарӯ шудаанд: “Кумита тасмим гирифтааст, ки як гуруҳи кориро барои омӯзиши ин забонҳо ташкил кунад, мутахассисонро ҷалб кунад. Ҳатто барои ҳифзи забонҳое, ки ба нестшавӣ рӯбарӯ шудаанд, Кумита як санади меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия кардааст. Дар назар аст, ки дар назди Кумита барои хоҳишмандон ва хориҷиён курсҳои 1 моҳа, 2 моҳа ва семоҳаю шашмоҳаи омӯзиши забонҳои бадахшию яғнобӣ ташкил карда шавад. Феълан якҷоя бо Академияи улум дар ин мавзӯъ кор карда истодаем”.
Раиси Кумитаи забон дар мавриди баҳс барои “сихкабоби хуҷандӣ” афзуд, ки иддаояшон барои тағйири чунин ному овезаҳо дар Душанбе ба маҳал ҳеч рабт надорад: “Ман аз фикрам даст намекашам. Ин ҷо мақсад маҳал набуд. Мақсад ин ҷо риоя накардани меъёрҳои забон ва қоидаҳои имло буд”.
Шарофзода афзуд, ки навиштаҷоте монанди “сихкабоби хуҷандӣ” бренд шуда наметавонад: “Мо ба мақомот ҳам муроҷиат кардему ҷавоб гирифтем, ки ягон ғизои миллӣ ягон вақт “бренд” шуда наметавонад”.
Дар мавриди иваз намудани номи “милитсия” ба “политсия”, ки дуюмаш ҳам тоҷикӣ нест, раиси Кумитаи забон илова намуд, ки феълан ба омӯзиши ин масъала гуруҳи кории махсус машғул аст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи мақомоти умури дохилӣ дар назар аст, ки милитсия ба политсия иваз карда шавад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои иваз намудани милитсия ба политсия 38 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарур аст.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки барои тағйир додани номи милитсия ба политсия иваз намудани муҳр, навиштаҷоти биноҳо, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва сару либоси кормандон зарур аст: “Аз ҷумла барои иваз намудани мӯҳр – 153 ҳазор сомонӣ, навиштаҷот дар даромадгоҳи биноҳо – зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ, дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ беш аз 37 млн 720 ҳазор сомонӣ сарф мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |