Ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Маскав ва даъват аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Масъулини Идораи муфтиёти Русия мегӯянд, моҳи сентябри соли равон масҷидеро дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Маскав ифтитоҳ хоҳанд кард, ки дар Аврупо ҳамто надорад.
Масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав дар хиёбони “Мир”-и пойтахти Русия қомат афрохта, масоҳати он наздик ба 19 ҳазор метри мураббаъ дар шаш ошёна арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Идораи муфтиёти Русия, маросими ифтитоҳи ин масҷид рӯзи Иди қурбон, яке аз ду иди мусулмонон, ки ба рӯзи 24 сентябри соли равон рост меояд, баргузор шуда, дар он сиёсатмадорони шинохта аз кишварҳои исломию мусулмонон ҳузур хоҳанд дошт.
Манбаъ афзудааст, то ҳол намояндагони кишварҳои Туркия, Судон, Либия, Ироқ, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз омодагии худ барои иштирок дар ин маросим хабар додаанд. Масъулини Идораи муфтиёти Русия гуфтаанд, ба маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи Маскав раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қатар, Кувайт, Фаластин, Урдун ва Арабистони Саудӣ ҳам даъват шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |