Каримов ва “Известия” намедонанд, ки Тоҷикистон кадом алифборо истифода мекунад
Раҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Русия гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон барои он забони русиро хуб балад нестанд, ки бо ҳуруфи лотинӣ менависанд.
Рӯзномаи “Известия”-и Русия дар матлабе аз нақли Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Русия навиштааст, дар Тоҷикистон алифбои лотинӣ истифода мешавад, аз ин рӯ онҷо забони русиро хуб намедонанд. “Масалан дар Тоҷикистон хеле поин будани мизони донистани забони русӣ бо он шарҳ дода мешавад, ки онҳо забони модарии худро бо лотинӣ меомӯзанд, на кирилӣ. Бар илова дар мактабҳо забони русӣ қариб омӯхта намешавад” (В Таджикистане, например, низкий уровень знания русского языка объясняется тем, что в их родном языке используется латиница, а не кириллица. К тому же в школах русский язык практически не преподается), менависад манаъ.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон алифбои кирилӣ истифода мешавад, на лотинӣ. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Узбакистон аст, ки расман алифбои лотиниро истифода мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |