Оҷонсӣ: Ҷӯраев дар кофтукоб ва парвандаи У. Қувватов қатъ нашудааст (ВИДЕО)

Фирӯз Холмуродзода, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон, мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара феълан дар кофтукоб қарор дорад.
Холмуродзода дар ҳошияи нишасти матбуотии Оҷонсии зидди фасод ба “Озодагон” гуфт, иттилои наве дар мавриди ҷои будубоши Низомхон Ҷӯраев дарёфт нашудааст. Ҷӯраев, ки дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам мешуд, соли гузашта ба таври мармуз аз Душанбе ғайб зад.
Ба суол, ки оё парвандаҳо алайҳи Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи “Гуруҳи 24” қатъ шудаанд, сардори раёсати тафтишотии Агентӣ илова намуд, ки то ҳол ин бора тасмим ниҳоӣ қабул нашудааст.
ВИДЕОИ суҳбати Холмуродзода
Аввали соли равон Оҷонсии зидди фасод изҳор дошта буд, ки алайҳи Умаралӣ Қувватов бо моддаи 245 ва 247, дуздию қаллобиҳо парванда оғоз шудааст: “Ӯ аз ҷониби мақомоти мо дар кофтукоб эълон шудааст. Маводҳояш ба Интерпол пешниҳод гардиданд”.
Худи “Гуруҳи 24”, ки дар пайи фирори Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон чанд соли пеш дар шаҳри Маскави Русия ташкил шуда буд, моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстеримистӣ эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |