Шоҳрух Юнусов, овозхони 17-солаи тоҷик, ки барандаи чандин озмунҳои байналмилалии Осиёю Аврупо аст, дар озмуни "Мейкин Азия" миёни намояндаҳои 20 кишвари ҷаҳон мақоми сеюм гирифтааст.
Гран-прии Озмуни байналмилалии "Мейкин Азия", ки охири ҳафтаи гузашта дар соҳили Исиқкӯли Қирғизистон ҷамъбаст гардид, Наталя аз Баҳрайн, мақоми аввалро-Лидия Исак аз Молдова, Роза Карапетян аз Арманистон, мақоми дуюмро - Адолат Азимов аз Қирғизистон, Николай Манолов аз Булғористон, мақоми сеюмро - Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон, Яшар Юсупов аз Озарбойҷон ва Муқомбет Оқсай аз Қирғизистон, соҳиб шудаанд. Юнусов дар ин озмун суруди “Республикаи ман” ва як суруди дигари туркиро пешниҳоди тамошобинон кардааст.
Шоҳрух Юнусов, ки ҷавонтарин овозхони ин озмун будааст, дар суҳбат бо расонаҳои қирғизӣ изҳор доштааст, ки баъди хатми мактаб дар зодгоҳаш-шаҳри Конибодом таҳсилашро дар консерватория идома хоҳад дод: “Маро дар коллеҷи туркии Фотеҳ ва академияи Белкантои Милан, ки устодам Адҳам Холиқов он ҷо роҳбари бадеӣ аст, интизоранд. Дар мавриди он, ки ба кадоме аз ин муассисаҳо дохил мешавам, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаам”.
Юнусов инчунин изҳор доштааст, ки ронандагиро дӯст медорад ва гарчанде ҳуҷҷати ронандагӣ надорад, пинҳонӣ бо мошини падараш дар шаҳри Конибодом сайругашт мекунад: “Бе ҳуҷҷати ронандагӣ пинҳонӣ мошини падарамро идора мекунам. Дар шаҳри мо мошинҳо дар роҳҳо каманд ва милисаҳо низ зиёд нестанд”. Видеои озмуни "Мейкин Азия":
Мӯҳр