Отамбоев рӯзи интихоботи парлумонии Қирғизистонро муайян кард
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо судури як фармон санаи баргузории интихоботи парлумонии кишварашро муайян кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, тибқи ин фармони Отамбоев интихоботи ояндаи парлумонии ин кишвар рӯзи 4 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ бо ин фармони худ ниҳодҳои зиррабти кишварашро барои баргузории чорабиниҳо дар доираи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ, таъмини озодӣ ва ҳуқуқи интихобкунандагону ташкили нуқтаҳои овоздиҳӣ муваззаф кардааст.
Отамбоев низ Додситонии кулли Қирғизистонро вазифадор кардааст, то риояи талаботи Сарқонун ва қонунгузории кишварашро дар рафти омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ таҳти назорати қатъи қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |