Бахшҳо
27 июл 2015 08:59Тоҷикистон / Сиёсат

Оҷонсӣ дар аҳди Р.Эмомалӣ: Қабули шаҳрвандон зиёду оғози парвандаҳо кам шудааст

Дар аҳди Рустами Эмомалӣ, раиси 27-солаи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият қариб се баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод тайи шаш моҳи аввали соли 2015 ба ин ниҳод 2494 муроҷиати шаҳрвандон дохил шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1000 адад зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ зиёда аз 700 шаҳрванд бевосита аз ҷониби роҳбарият қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 510 нафар зиёд мебошад.

Оҷонсӣ таъкид мекунад, ки оғози парвандаҳо дар ин ниҳод камтар шудааст: “Дар шашмоҳа 455 парвандаҳои ҷиноятӣ бо дарназардошти бақия ба истеҳсолот қабул гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 парванда кам мебошад. Тафтиши 311 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 387 нафар ба анҷом расонида шудааст. Аз тарафи муфаттишон 72,0 млн. сомонӣ зарар ошкор карда шуда, 37,0 млн. сомонӣ ё 51,4 фоизи ин барқарор карда шудааст”.

Инчунин дар баробари 56 корманди Оҷонсӣ, ки аз атестатсия нагузаштаанд, дар шашмоҳаи аввали соли равон барои вайрон кардани интизоми хизматӣ, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ нисбати 23 корманди Агентӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, ба 16 нафар танбеҳ, ба 4 нафар сарзаниш эълон карда шуда, 3 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда шудаанд: “Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 1405 дастури хаттӣ ва 624 пешниҳодҳо оиди бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол карда шудааст. Дар натиҷаи баррасии пешниҳодҳои мазкур 77 нафар аз вазифа озод карда шуда, нисбати 176 нафар танбеҳ, нисбати 193 нафар огоҳӣ ва нисбати 177 нафар сарзаниш татбиқ карда шудааст”.

Дар маҷмуъ Оҷонсии зидди фасод иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои буҷетӣ - 519 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида 141,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст: “Аз ҷумла, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,0 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 16,0 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 40 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 2,0 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ дар натиҷаи бемасъулиятии роҳбарон ва кормандони молиёт 25,0 млн. сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 45,0 млн. сомониро ташкил медиҳад”.

Ба иттилои манбаъ аз зарари ошкоргардида 74,0 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки он 52,7 фоизи зарарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол мулоқоти рӯбарӯи роҳбарияти Оҷонсии зидди фасод бо рӯзноманигорон дар Душанбе, баъди зуҳри имрӯз, 27-уми июл дар назар аст ва хонандагони “Озодагон” метавонанд, суолҳояшонро дар сафҳаи мазкур ироа кунанд ва хабаргузорӣ ҷолибтаринашонро ба роҳбарияти Оҷонсӣ пешниҳод хоҳад кард.
Мӯҳр
Ба чаноби Рустами Эмомали мерасонидед, ки дар ДМТ барои устодон ягом тафтишотай рейдай намегузаронад!
ОЗОДАГОН!!!

Абдуллох
Салом алейкум Ман мехостам фахмам,ки аз кучо Вазирон ва Раисон ин кадар сохиби пули зиед хастанд? Магар бо як ойлик мешавад,ки чанд хона ва чанд мошин гиифт? Аз хама бехтарин Хонахо Ва мошинхои киммат хамин Вазирон ва Раисон доранд аммо аз кучо инкадар пул меёбан ба мо маълум нест! Бисер хуб мешуд агар дар хамин савол чавоб медоданд

ш Душанбе
чавоб ба Абдуллох .......99% дар Тоикистон ба ришва сару кор дорад...

Султон
Мухтарам Рустами Эмомали. Аз Шумо хохиш менамоем, раванди трисеместраро дар Донишгохи милли ва дигар донигоху донишкадахо санчед. Трисеместра барои донишчуени карздор дар низоми кредитии тахсилот ба рох монда шудааст ва аз донишчуен барои гузаронидани машгулиятхо маблаг ситонида мешавад аммо тарзи таксими ин маблаг ба устодон муаммо аст. Рохбарияти Донишгох барои машгулиятхо ба устодон маош намедихад ва устодон хам барои хамин дарс намегузаранд ва имтихони такрори ба формализм табдил ефтааст. Чунин корхо замина мешавад барои рушди коррупсия дар Донишгоху донишкадахо ва рохбарияти онхо барои ислохи он хавасманд хам нестанду кушиш хам намекунанд. Саломат бошед умед дорем ин масъаларо чидди барраси мекунед.

шахрванд
аз Рустами Эмомали як хохиш дорам, ки якбор вазъият дар мавриди таксимоти замин дар нохияи Рудакиро тафтиш кунанд. Бечора аризадорхо замин гирифта наметонанду заминфуруши дар авч заминхое ки хамин шабу руз таксим шуда истодааст карори соли 2006 ро дорад махсусан дар чамоати Чоряккорони нохияи Рудаки шахсе ки барои заминфуруши хабс шуда буд хозир ба имзои хамон кас карор мебароранд ин хам як доногии заминфурушхо у алакай чазояшро гирифт дубора чазо намегирад.

Ба Шумо як савол. Ман дар зиндаги худ ягон шахсе надорам, ки маро дасгирй кунад.Дар ягон чо бо кор таьмин кунад.Ман Донишгохи Миллии Точикистон хатм намудам факултаи Иктисод ва идораро бо бахои хубу аьло хатм намудам, мехохам ба сохтори Шумо ба кор тарики озмун дароям ягон кумак мекунед Акачон.

Салом Акаи Рустамчон,
чугрофия! ин масъалаи махфист!

Салом, ман чунин савол дорам, конун барои хама 1 хаминтавр аст? пас барои чи кормандони Хукумат, мансабдорон руи рост коидахои рохро вайрон мекунанду БДА онхоро бе ягон гапу чап чавоб метиян ва хато хучатхояшонро тафтиш намекунан. аз 100% онхо шояд 20% хучат мекунанду халос дигаро бо як Удостоверение мегарданд, ин хамчунин дахл дорад ба комрандони худи БДА. Ва барои чи то хол да кадои рох кормандони БДА бе ягон тарсу харос порагири мекунан.

Барои чи кормандони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон команди ППСе ки бо либоси милисаги (прапоршик) дар истгохи таксихои регару,шахринаву хисор мерафтагиро ки кариб хар руз аз ронандагони ин хат сайр бо рохи зури тахдид пул меситонад дастгир ва ба чавобгарии чинояти чалб намекунанд.

Аз Панч 2015
Кормандони шуьбахои шиносномадихи аз шахрвандон хангоми гирифтаеи шиноснома маблаги барзиед талаб мекунанд. Аз чумлаи чунин кормандон сардори шуьбаи щиносномадихии нохияи Панч майор Холов Одил мебошад. Хохишмандем нисбати у чорахои конуни зудтар андешида шаванд.

Ассалом алейкум ба тамоми мардуми Точикистон!Максади бунеди ин ниход мубориза бо коррупсия аст.Худ яке бинед:Дар кадом соха коррупсия нест???То кай ин бояд давом намояд???Чи пешниходе оиди камшавии коррупсия доранд мардум???Ое дар Точикистон мубориза бо корррупсия мумкин аст??? Биеед ба роххои муборизаи Саакашвили дар Гурчистон,Украина ва мумкин Молдова нигах кунем.Он чи аен аст,хочати баен нест!Саакашвили андозро чанд фоиз дар Грузия кам кард,лекин бучаи Гурчистонро кариб 2 маротиба зиед кард.Вайро ба Укроин даъват намуданд ва муборизаро он чо бурда истодааст.Акнун холо бошад ба Молдова даъвт доранд.Ин марди бузург(гурчи) чи гуна аст,ки хама даъвои хамкори бо вайро мекунанд???
Ман шунидам,ки хадамоти оташфишон дар Гурчистон тафтиши корхонахоро надорад,боваринома барои рондани автомашина тамоман лозим нест,хадамоти эпидеомологи хукуки тафтиши корхонахоро надорад,...тамоми судхо дар ошенаи аввал назди чашми мардум чойгиранд....
Дар мо чи гуна аст :барои боваринома (дар бисер давлатхо ин тамаоман бардошта шудааст)- и аз тарафи нотариус дода шуда мухри БДА лозим аст.Барои гузаштани санчиши техникии мошин чандин маблаг супорида мешавад(В.В.Путин:мешок с гайками тоже пройдет технический осмотр!!! )Хуб мешуд хукумат факат андози рох ва сугуртаро мегирифту конеъ мешуд.Хама назди конун баробар бошанд:барои чи хатсайри раками №48вилояти Сугд дар танхои аз Атуш одам чамъ менамояд, чое ки одамони бисер факат аз он чо мешинанд,факт моли онхо аст.Чунки онхо ба кормандони БДА хар мошин 3сомони хар руз медиханд.Як бор ба гугл карта суратри истгохи онхоро бинед!холат он чо чи гуна аст.Охир дигарон хам зиндаги доранд.Онхо аз 3то 5 мошин паихам монда имконоти баробар ба дигар хатсайрхо намедиханд.Дар он вакте ки дигарон низ хукуки фаъолияти баробар доранд.

Як ронандаи мусофиркашро пурсидам,ки харочоту фоида чи гуна аст? Вай гуфт: Пеш аз баромадан ба раиси ЧДММ 17сомони пул месупорам,лекин чек ба маблаги 10 сомони мегирам.Ба диспетчер2сомон медихам,боз ба навбатдори меравам ба ШКД-хо,литсензия,андоз,пештар сертификат,хар мох ба рохбарони хадамоти наклиету ... хар моха маблаг месупорад....Хатсайри №97ронандагонаш ранги хайвон мошин меронанд,дар маркази Хучанд,ба онхо коидаи рох гуфтани гап нест. Ронандагони хатсайри№3 низ мошинро тез меронанд,...! Дар хатсайри 100-100а вазъ каме бехтар аст,факат 10сомон месупорем.Рахмат ба раис,инсоф доранд.лекин дигар хатсайрхо вазъият безеб аст.Хатсайри 16 ва 40 даромадан 2000доллар аст. Дар бозори Хизтеварз ба Чамшеду Самии бозорком як сомони месупорем,хизмати рохбарони ЧДММ хоро мекунем.

.Лекин дигар раисон низ кайфу сафо доранд.Ки ба онхо бояд конунро фахмонад,чои хамаи онхо 100дар100 паси панчара аст!!!!!!Ин шахсон инсофе надоранд!Ин масала кайхо ба хама маълум,лекин мубориза кучо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)