Уфти рублу ҷаҳиши пасипардагии доллар дар Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон дубора поин рафт.
Субҳи 25 июл арзиши 1000 рубл дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе 110-111 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле ки қаблан 1000 рубл 115-117 сомониро ташкил медод.
Хабарнигори “Озодагон”, ки аз чанд нуқтаи саррофии пойтахт дидан кард, мегӯяд, қурби доллари амрикоӣ низ тағйир ёфта, дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъор 100 доллар то 660 сомонӣ харидорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар лавҳаҳои саррофиҳо арзиши як доллар 6,52 – 6,54 сомонӣ навишта шудааст. Тибқи нишондоди лавҳаҳои саррофиҳои Душанбе ҳоло қурби 100 евро дар Тоҷикистон баробар ба 706-709 сомонӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |