Омор: Аз ҳама бештар дар Вазорати маориф ва илм ришва меситонидаанд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мизони содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату кумитаҳоро нашр кардааст.
Дар сегонаи аввали ниҳодҳое, ки дар он ҷиноятҳои коррупсионӣ зиёд ба қайд расидааст, Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва корҳои дохилӣ қарор доранд. Дар варақаи матбуотии Агентӣ, ки ҳисоботи шаш моҳи аввали соли равонро фаро мегирад, омадааст, кормандони Вазорати маориф ва илм 53, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 45 ва мақомоти корҳои дохила 37 чунин ҷиноят содир кардаанд.
Ба Вазоратҳои кишоварзиву адлия 26, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 22, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи андоз 18, Вазорати мудофиа 11 ҷиноятӣ рост меояд.
Дар қатори вазорату идораҳои давлатие, ки дар он аз 10 ҷинояти коррупсионӣ камтар анҷом шудааст, Вазорати нақлиёт, Вазорати энергетика ва захираҳои об (шаш тоӣ), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 5, Шӯрои адлия 5, Агентии назорати маводи нашъаовар 3, Прокуратура 3, Кумитаи телевизион ва радио 2 ва Кумитаи ҳолатњои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 1 навишта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |