Хабари марги Аъзам баъд аз се моҳи сарбозӣ дар Қисми низомии 2604
Ҷанозаи Аъзам Абдуллоев, сарбози неруҳи марзбонии Тоҷикистон, ки ҳанӯз мақомот сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд, дар зодгоҳаш – ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара баргузор шуд.
Аҳтам Абдуллоев, падари Аъзам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷанозаи писараш субҳи 25 июл ба хок супорида шудааст.
Аъзам Абдуллоев сокини ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара буда, баъд аз се моҳи сарбозӣ дар қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст.
Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, мақомот субҳи 24 июл дар ҳоле ӯро аз марги писараш огаҳ кардаанд, ки шаби 23 июли соли равон ҳамроҳ бо Аъзам телефонӣ суҳбат кардаасту дар он сарбози неруҳи марзбонии Тоҷикистон аз падараш 400 сомонӣ хостааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин бори аввал набуд, Аъзам ҳангоми адои хидмат ба Ватан аз волидайнаш маблағ мехост, қаблан низ 600 сомонӣ талаб карда будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |