ВКД: Дар бораи гум шудани Сарфарози Оламафрӯз иттилоъ надорем

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди бедарак шудани Эҳсон Одинаев, яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки бо номи мустаори Сарфарози Оламафрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, иттилое надоранд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шанбеи 25 июл дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, дар бораи Сарфарози Оламафрӯз унвонии вазорат ҳеч дархосте ворид нашудааст: "Аз мақомоти Русия дар ин маврид ягон дархост ворид нашудааст. Дар Тоҷикистон ҳам нисбати гумшавии ин нафар касе то ҳол муроҷиат накардааст. Агар дархосте расид, баррасӣ мекунем".
Ин дар ҳолест, ки наздикони Эҳсон иддао кардаанд, эҳтимол ӯ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Хабари гум шудани Одинаевро охирҳои моҳи майи соли равон Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон, як созмони сиёсие, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати феълии кишвар машғул аст, расонаӣ кард. Мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтанд, Эҳсон Одинаев аз соатҳои 10-11-и 19 майи соли 2015 ба ин сӯ гум шуда, аз ӯ ҳеч кас иттилое надорад.
Тоҷикистон Одинаевро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, дар эълоне, ки сомонаи Интерпол нашр кардааст, ӯ дар ҷиноёти харобкории компютерӣ (computer sabotage) муттаҳам мешавад. Одинаев, ки соли 1991 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст, бо номи Сарафрози Оламафрӯз дар интернет аз ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ инчунин дар рахна кардани почтаҳо ва сомонаҳои интернетӣ муттаҳам мешавад.
Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, дар суроғае, ки Одинаев зиндагӣ мекард, тамоми молу колои мансуб ба ӯ сари ҷой ҳастанд ва чизеро бо худ набурдааст ва талоши чандинрӯзаи шиносҳош барои пайдо кардани Эҳсон бенатиҷа анҷом шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |