ВИДЕО: Раҳимзода дар мавриди таҳдид ба Муҳиддин Кабирӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 25 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар қаламрави кишвар ҳеч гуна таҳдиди куштор ба Кабирӣ вуҷуд надорад.
Генерал Раҳимзода мегӯяд, дар робита ба таҳдидҳои куштори Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ унвонии вазорат ягон маълумот низ ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд моҳе қабл дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он нафаре худро Мавлавӣ Салмон яке аз чеҳраҳои ҳаракати “Ансоруллоҳ”муаррифӣ карда дар хитоб ба Кабирӣ мегуфт, ҷиҳод дар Ироқ ва Шомро нодуруст хушунат хондааст. “Ҳамин ки имрӯз имом-хатибон аз минбарҳои масоҷид алайҳи шумо ҳарф мезананд ин аст, ки шумо дар ин маврид беинсофӣ кардаед ва аз ҷодаи Ислом мунҳариф шудед. Ҳамаи ин хориву зорӣ ва зиллати шумо ин аст, ки бо амри Худо мухолифат кардаед. Ба сӯйи Ислом боз гардед, аз сиёсатҳои куфрӣ даст кашед ва тавбаи насуҳ кунед”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |