“Обу лой”-и грантҳои президентӣ дар Кумитаи занон: Ном аст, нишон нест

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки зимни тақсиму корбарии грантҳои президентӣ барои занон камбудиҳо ифшо шудаанд.
Хидирзода, имрӯз, 24-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки феълан ин қазияҳоро Оҷонсии зидди фасод ва Палатаи савдо мавриди санҷиш қарор дода, тафтишот идома дорад: “Мониторинги миёнадаврие, ки Кумита дар ин самт гузаронд, камбудиҳоро ошкор кард. Муроҷиати Кумита низ буд, ки дар ин самт маблағҳо барқарор карда шаванд. Айни ҳол вобаста ба ин кор тафтишот рафта истодааст”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи “Озодагон” ахиран ифшо шудааст, ки дар 22 ҳолат 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии президент барои занон аз ҷониби шахсони алоҳида аз худ карда шудаанд. Аз ҷумла тайи чанд сол ба номи занҳо дар навоҳии Бадахшон “грантҳои президентӣ” ҷудо мешудаанд, аммо онҳоро кӣ мегирифтаасту дар куҷо истифода кардааст, то ҳол номаълум: “Ҳаҷми грантҳо аз 10 то 40 ҳазор сомониро барои як зан ташкил медодааст. Дар ҳисоботҳо номи даҳҳо ва соҳибкорзанон зикр шудааст, ки гӯиё бо “грантҳои президентӣ” дастгирӣ ёфтаанду корҳои муайянро анҷом додаанд. Аммо дар ноҳияҳо ин занонро касе намешиносаду маблағҳоро надидааст”.
Тавре маълум шуд, қаблан Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон низ бо як нома ба унвони Марҳабо Ҷабборзода, муовини сарвазири кишвар ба ин масъала дахл карда, иттилоъ додааст, ки қисме аз соҳибкорзанҳое, ки бо грантҳои президентӣ дастгирӣ ёфтаанд, маълум набуда, як гуруҳи онҳо дар қаламрави вилоят зиндагӣ намекунанд ва ё ин маблағҳоро аз номи онҳо касони дигар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи занон дар шарҳи ин қазия ба “Озодагон” гуфт, ҳар камбудие, ки дар ҳар мақомот мешавад пеш аз ҳама камбудии роҳбарият аст ва афзуд, ки имсол назорати тақсиму корбарии грантҳои президентиро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд: “Аз 15-уми июн то 15 июли соли равон қабули лоиҳаҳо барои гранти президентӣ идома дошт ва ба комисияи грантӣ 245 лоиҳа ворид карда шуда, феълан комисия корашро оғоз кардааст. Вобаста ба пурзур намудани фаъолият дар ин самт, тибқи қарори шурои Кумита талаботи иловагӣ ворид карда шуд. Аз он ҷумла ҳар як довталабе, ки лоиҳа пешниҳод кардааст, барои суҳбат ба комисия даъват карда мешавад. Дар оянда бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳамкориҳоро дар ин самт пурзӯр мекунем”.
Маврид ба зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2011 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон грантҳои президентӣ таъсис ёфтанд ва ҳамасола ба ин мақсад 2 миллион сомонӣ маблағи буҷа равона мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |