Суҳбати Аслов бо Тао дар бораи фаъолтар шудани сармоягузорони чинӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Ван Сяо Тао, муовини раиси Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои ислоҳот ва рушд дар бораи густариши фаъолияти сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар кишвар суҳбат кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Пекин қарор дорад, рӯзи 24 июл бо муовини раиси Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои ислоҳот ва рушд кардааст.
Дар ин вохурӣ суръати мусбати рушди алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар қайд шудааст. Инчунин ҷонибҳо дар робита ба дурнамои самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин ва густариши фаъолияти сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар кишвар табодули андеша сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |