210 навраси осебдида аз селро ба истироҳатгоҳҳои Суғд мебаранд
Беш аз 200 кӯдаку наврас аз вилояти Бадахшону минтақаи Рашт, ки хонаводаи онҳо бар асари офатҳои табиии ахир зарар дидаанд, ба истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд бурда мешаванд. Дар ин бора Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарие иттилоъ додааст.
Хонум Ғаффорӣ гуфтааст, ин наврасон то бунёд шудани хонаҳои худ дар вилояти Суғд боқӣ монда, дар соли хониши 2015-2016 дар макотиби вилоят ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.
Ба қавли ӯ, дар доираи ин иқдом, 100 кӯдак аз ноҳияи Шуғнон дар лагери "Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум, 60 нафар аз ноҳияи Ванҷ ва 50 нафар аз ноҳияи Рашт дар лагери "20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир хоҳанд шуд. Манбаъ афзудааст, ин наврасон аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд бо сару либос, пойафзол ва лавозимоти зарурии мактабӣ таъмин мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |