Домулло Маъруф: Дар масҷиди “Сариосиё” ҳоло ҳам салафиҳо ҳастанд...
Домулло Маъруф Раҳимов, имом-хатиби масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе аз зуҳури салафиҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон интиқод намуда, афзуд, “дар масҷиди мо ҳам ҳоло салафиҳо ҳастанд”.
Домулло Маъруф имрӯз, 24-уми июл дар хутбаи намози ҷумъа аз ифротиҳо, аз ҷумла ДИИШ-у "Боко Ҳарам" интиқод кард, ки алайҳи шариати Ислом кор мекунанд, даст ба куштори кӯдакону занони бегуноҳ мезананд: “Онҳо ягон хел ҷиҳод надоранд, мусалмон мусалмонро кушта истодааст”.
Дар идома Маъруф Раҳимов ба салафиҳо ишора карда гуфт, “дар масҷиди мо ҳоло ҳам салафиҳо ҳастанд. Худованд бигирадшон, ки пойҳояшонро паҳн- паҳн монда, ақидаи ботил доранд. Салафиҳо дастнишондоди Исроилу Амрико ҳастанд”.
Ин руҳонӣ дар пайи ҳушдор аз хатари ифротию салафиҳо аз тинҷию ободии Тоҷикистон таъриф кард: “Дар тӯли таърих мо ҳанафиҳо ҳеч гоҳ ба хотири мазҳаб одам накуштаем”.
Ин иқрори имомхатиби Сариосиё дар ҳолест, ки Бароталӣ Ҳамитзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфта буд, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.
Ба гуфтаи Ҳамитзода, ҳоло дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |