Бахшҳо

100 000 сомонӣ барои “буклет” ва 10 000 диск барои таблиғи маконҳои туристӣ

Давоми шаш моҳи соли 2015 аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон 73 миллиону 632 ҳазору 500 доллар ворид шудааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014, 36632500 доллар бештар мебошад. Дар ин бора дар нишасти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дода шуд.

Аҳтам Абдуллозода, раҳбари кумита дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, тайи моҳҳои январ-июн 177 186 шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омадааст, ки 147 265 нафари онҳо сайёҳ будаанд. Ин дар ҳоле, ки ба иттилои ӯ, дар шаш моҳи аввали соли 2014, 74 000 турист аз Тоҷикистон дидан карда, аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 37 миллион доллар ворид гардида буд.

Раиси кумита мегӯяд, дар соҳаи туризм лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст: “Инчунин бо роҳбарии сарвазири кишвар Шӯрои рушди саноати туризмро ташкил карда, ба ҳукумат пешниҳод кардаем, ки боварӣ дорем дастгирӣ меёбад”.

Аҳтам Абдуллозода мушкили кумитаашро дар бахши туризм набудани инфраструктура дар шоҳроҳҳо арзёбӣ карда гуфт, дар ин бахш низ лоиҳаҳо таҳия шудаанд: “Баробари тадбиқи лоиҳа дар шоҳроҳҳои кишвар хизматрасониҳои маишӣ ба роҳ монда мешаванд”.

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон изҳор дошт, рӯзҳои наздик сомонаи нави кумита фаъол мешавад, ки дар он ҳудуди 25 мавзеи беҳтарин кишвар муаррифӣ шудаанд: “Имсол ният дорем ба маблағи 100 000 сомонӣ буклетҳоро барои таблиғи мавзеҳои туристӣ нашр кунем. Ҳамчунин барои таблиғи мавзеҳои туристӣ видеороликҳо бо забонҳои англисӣ, русӣ ва арабӣ таҳия мекунем, ки дар 10 000 диск паҳн карда мешаванд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)