Изҳороти Кумитаи дин дар мавриди ҷамъовари маблағ аз зоирин барои осебдидагон

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҷамъоварии маблағ аз зоирини тоҷик барои осебдидаҳои офати табиии ахир дар кишварро такзиб кардааст.
Масъулини Кумитаи дин гуфтаанд, аз ҷониби шӯъбаву бахшҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар ҳеч гуна дастуре дар ин робита дода нашудааст. Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, “сару садоҳо ва шарҳи баъзе аз истифодабарандагони шабакаи Интернет дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагон барои кумаки осебдидагони офатҳои табиии рӯзҳои ахир асоси воқеъӣ надорад”.
Масъулини Кумитаи дин аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки қасди иштрок дар мавсими “Ҳаҷ-2015”-ро доранд, хоҳиш кардаанд, дар сурати пеш омадани чунин ҳолатҳо бо мақомҳои ваколатдор тамос гиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан зоирини тоҷик аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон хабари ҷамъоварии маблағ аз онҳо барои осебдитдагон аз офати табииро тасдиқ карда, гуфтанд, мақомот аз онҳо хоҳиш кардаанд, ҳар кадом 1 ҳазору 200 сомонӣ “кумакпулӣ” пардохт кунанд. Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз қавли Мирзосаид Сабуров, мудири Шӯъбаи умури дини ноҳияи Қубодиён навишт, идеяи кумакпулӣ аз ҷониби зоирони Ҳаҷ ба осебдидагони деҳаи Заркамари ин ноҳия аз доираҳои ҳукумат берун шудааст: "Ҳар як ҳоҷӣ ба суратҳисоби “Заркамар” пул мегузаронад. Чун раиси ноҳия ба довталабони Хонаи Худо муроҷиат карду хоҳиш намуд, ки дастгирӣ кунед. Имрӯз бояд онҳоро дастгирӣ кунем ва фардо ҳатман моро дастгирӣ менамоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |