Абдуллозода дар бораи стипендияи 1000 долларӣ ва таъсиси ҷоизаи президент
Барои омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ аз буҷаи давлатӣ наздики 700 000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин нуктаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии ин ниҳод иброз дошт.
Ӯ гуфт, назорати ин маблағҳо бар души гуруҳи кориест, ки раҳбарии онро раиси кумита бар уҳда дорад. Оқои Абдуллозода афзуд, ба ҳайати яккачини кишвар 15 варзишгар шомиланд, ки онро Дилшод Назаров, гурзандози маъруф ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ раҳбарӣ мекунад: “Тибқи пешниҳоди коршиносони соҳаи варзиш барои як варзишгар дар як сол 20 000 доллари ИМА зарур аст, то вай барои иштирок дар ягон олимпиада ва ё мусобиқае омодагӣ бубинад”.
Раҳбари кумита мегӯяд, ҳамаи 15 узви тими миллии кишвар ҳар моҳ 1000 доллари ИМА стипендия мегиранд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар назди кумитаи миллии олимпӣ клиникаи варзишӣ таъсис шуда, ба аъзои тими мунтахаб табибони кореягӣ хизмат мерасонанд: “Барои бо витаминҳо таъмин кардани варзишгарон ба ҳукумат лоиҳа пешниҳод кардаем”.
Аҳтам Абдуллозода дар идома аз фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсиси ҷоизаи президент барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ёд оварда гуфт, хазинаи он 200 000 сомонӣ хоҳад буд, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст: “Ин миқдор маблағ аз фонди захиравии президенти кишвар ҷудо мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |