Хидирзода дар бораи 2066 танфурӯш, наворҳои фаҳш ва 12 зан дар Сурия (ВИДЕО)

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан 12 зани тоҷик дар ҷангҳои Сурия қарор доранд.
Хидирзода дар ин бора имрӯз, 24-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ бо такя ба омори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин занҳо бо роҳи гуногун ба Сурия ҷалб шудаанд: “Баъзеяшон аз пайи шавҳарҳояшон рафтаанд, баъзеи дигар бо роҳҳои дигар фирефтаю ҷалб шудаанд. Мояи нигаронӣ аст, агар як зани тоҷик ҳам дар Сурия қарор дошта бошад”.
Хидирзода инчунин бо таассуф афзоиши танфурӯшӣ миёни занони тоҷикро зикр карда, афзуд, ки чораандешиҳояшон то ҳол натиҷаи назаррас надодаанд. Тибқи иттилои расмӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон танфурӯшии 2066 зан ошкор шудааст. Хидирзода зарур хонд, дар баробари оморҳо, ки чӣ қадар танфурӯшанду чанд нафар дар Сурияанд, таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб равона гардад: “Чораандешиҳои натиҷаи назаррасро надодаанд ва раванди танфурӯшӣ майли афзоиш ниҳодааст”.
Ӯ гуфт, талош мекунанд, корҳои инфиродиро бештар кунанд ва афзуд бояд ҳама фикр кунанд, ки кадом роҳҳои ҷилавгирии ин зуҳурот вуҷуд дорад: “Чун ватандор астему агар дили мо сидқан ба халқи миллат сӯзад, ин зуҳуроти номатлубро бояд аз байн барему ҳамагон талош кунем”.
Раиси Кумитаи занон инчунин нашри наворҳои фаҳшро бо иштироки занони тоҷик маҳкум кард. Ӯ эроди рӯзноманигоронро, ки бархе наворҳои фаҳш бо рӯи кушоди занони тоҷик дар интернету дигар шабакаҳо пахш гардиданду Кумитаи занон ҳеч мавқеъгирӣ накард, изҳор дошт, ки ин гуфтаҳо қобили қабуланд: “Намедонам, ки ҳадафи онҳо чӣ буд, аммо зидди пахши чунин наворҳои фаҳшам. Ин гуфтаҳо қобили қабуланд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” дар интернет наворҳои фаҳш нашр мешуданд, ки қаҳрамонони он, ки бархеяшон занон буданд, аъзои ҲНИТ муаррифӣ мегардиданд.
ВИДЕОҲОИ СУҲБАТИ ХИДИРЗОДА
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |