Вазорат: "Барқи тоҷик", "Сангтуда 1" ва "ТалКО" қарздорҳои калонанд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати нимсолаи аввали соли равон қарзи хориҷии кишвар 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба 19,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия рӯзи 24 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе бо зикри ин нукта афзуд, дар ин давра хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи кишвар дар ҳаҷми беш аз 70 миллион доллар иҷро гардидааст: “Аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ 55,09 миллион доллар ва фоизи қарз 15,63 миллион доллар таъмин гардидаст”.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарияти Вазорати молия моҳи январи соли гузашта, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистонро 2 миллиарду 161,5 миллион доллар арзёбӣ намуда, гуфтанд, 25,5%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварр ташкил медиҳад.
Муовини аввали вазири молия дар нишасти хабарии имрӯз дар баробари қарзи берунаи Тоҷикистон, ба қарзҳои дохилии давлатӣ ҳам ишора карда, гуфт, ба ҳолати якуми июли соли равон 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба 4,7%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Ҷамшед Каримзода калонтарин корхонаҳои қарздор аз пардохти молиётро низ номбар кард. Ба гуфтаи ӯ, қарзи нисбатан калони андоз -- 151,5 миллион сомонӣ, ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад. Қарзи ҶСК “Сангтуда-1” ва Ширкати алюминийи тоҷик – “ТалКО” ба ҳолати якуми июли соли равон мутаносибан 32,4 миллион ва 41,2 миллион сомонӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |