Ҳабси абади қотили Салоҳиддин Азизови 20-сола

Додгоҳи Русия Иля Горячевро ҳамчун роҳбари Созмони ҷангии миллатгароёни рус” (БОРН), дар буридани сари Салоҳиддин Азизов, шаҳрванди Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор хонда, ӯро ба ҳабси якумра маҳкум кард.
Дар ин бора имрӯз, 24-уми июл расонаҳои Русия иттилоъ дода, афзудаанд, ки Иля Горячев дар куштори Салоҳиддин Азизов дар соли 2008, адвокат Станислав Маркелов ва журналист Анастасия Бабурова дар моҳи январи соли 2009 гунаҳкор шудааст. Инчунин ӯ дар ҳамдастӣ дар куштори Федор Филатов (Федяя) ва Иля Ҷапаридзе, ки муқобили миллатгароҳо буданд, айбдор эълон шуд.
Дар гузашта додгоҳ аъзои дигари БОРН -- Никита Тихонов, Максим Баклагин ва Вячеслав Исаевро барои як умр равонаи зиндон кард. Михаил Волков 24 сол аз озодӣ маҳрум шуда, Юрий Тихомиров аз сӯи ҳайати мунсифа сафед шуд.
Куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус моҳи декабри соли 2008 дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |