Шӯрои ВАО: Пеш аз “бойкот” шарҳи ҳукуматро интизор мешавем...
Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) имрӯз, 24-уми июл дар пайи як ҷаласаи роҳбарони расонаҳои мустақил эълон намуд, бо як номаи дастаҷамъӣ аз ҳукумат шарҳи протокол дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи “Ховар”-ро дархост хоҳанд кард.
Ахиран хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.
Дар пайи баррасии ин тасмими ҳукумат дар ҷаласаи Шӯрои ВАО Нуриддин Қаршибоев изҳор дошт, мехоҳанд шарҳи расмии ҳукуматро дар мавриди ин тасмим дарёфт кунанд: “Як номаи дастаҷамъӣ менависем, ки дар он роҳбарони расонаҳо, журналистон ва дигар созмонҳо метавонанд, имзо гузоранд”.
Дар мавриди “бойкот” ё барои як муддат худдорӣ кардани расонаҳои мустақил аз нашри хабарҳои расмӣ ҳозирини ҷаласаи Шӯро хулоса карданд, ки беҳтар аст, нахуст шарҳи ҳукуматро интизор шаванд.
Қаршибоев изҳор дошт, дастрасӣ ба иттилоъ ҳуқуқи конститутсионии на танҳо журналистон, балки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дастрасии баробар ба иттилооти расмӣ бояд барои расонаҳои давлатию мустақил таъмин гардад: “Набояд барои амбитсияҳои шахсу гуруҳҳои алоҳида ин ҳуқуқи конститутсионӣ нақз гардад”.
Ин дар ҳолест, ки дар суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумат ном ва насаби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда дар он гуфта мешавад, иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |