Ҳасанзода: Аксари солхӯрдаҳои аз садсола боло занонанд...
Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, мегӯяд, ҳудуди 65 фоизи шаҳрвандони синнашон аз 100-сола болоро дар кишвар занон ташкил медиҳанд.
Ҳасанзода, имрӯз, 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар маҷмуъ дар кишвар 306 нафар шаҳрвандони 100-сола ё аз 100 сола боло зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 109 нафарашон мард ва 197 нафар зан мебошад.
Дар маҷмуъ ба иттилои Агентии омор тибқи ҳисобҳои соли 2014 аҳолии кишвар наздики 8,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 603 ҳазорашон нафақахӯр мебошанд. Ин ниҳод ҳаҷми миёнаи нафақаро дар кишвар 230 сомонию 14 дирам арзёбӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |