Мансаби нави Абдулвоҳид Шамолов баъди 3 моҳи барканорӣ
Абдулвоҳид Шамолов собиқ директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистон муовини сармуҳаррири нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии кишвар -- "Минбари халқ" таъйин шудааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, Шамолов имрӯз, 23 июл ба ин мақом таъйин шудааст. Инчунин, журналист Ҳуринисо Ализода, сардабири пешини маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ва муовини собиқи раҳбари Китобхонаи миллӣ ба ҳайси хабарнигор дар "Минбари халк" ба фаъолият шурӯъ кардааст. Исми ӯ дар шумораи рӯзи 22 июл 2015, №30 (1009)-и нашрия дар қатори хабарнигорон навишта шудааст.
Абдулвоҳид Шамолов, ки аз соли 2011 раҳбарии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улуми Тоҷикистонро бар уҳда дошт, 20 апрели соли равон бо қарори ҳукумат аз мақомаш барканор шуд.
Ба ҷои ӯ Абдураҳмон Маҳмадов, собиқ декани Факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ (ДМТ) ва собиқ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Академияи улум таъйин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |